Ихроҷи намоишкоронаи донишҷӯёни тоҷик аз Беларус

Мақомоти расмии Беларус изҳор намуданд, ки барои истеъмоли оби ҷав (пиво) дар ҷойи ҷамъиятӣ панҷ нафар донишҷӯёни соли панҷум аз Тоҷикистонро ба ватанашон хориҷ мекунанд. Бино ба маълуомти ВАО-и Беларус бо такя ба портали people.onliner.by  , барои намунаи ибрат шудани қабули ин қарор, ҳамаи донишҷӯёни хориҷии мактаби олии Гомелро дар аудитория ҷамъ кардаанд ва иқтисодчиёни […]

ASIA-Plus



Мақомоти расмии Беларус изҳор намуданд, ки барои истеъмоли оби ҷав (пиво) дар ҷойи ҷамъиятӣ панҷ нафар донишҷӯёни соли панҷум аз Тоҷикистонро ба ватанашон хориҷ мекунанд.

Бино ба маълуомти ВАО-и Беларус бо такя ба портали

people.onliner.by 

, барои намунаи ибрат шудани қабули ин қарор, ҳамаи донишҷӯёни хориҷии мактаби олии Гомелро дар аудитория ҷамъ кардаанд ва иқтисодчиёни ояндаро назди тахта хонда, ба онҳо қарор дар бораи тарк кардани кишвар то 17 июн ва манъи вуруд ба 1 солро қироат намудаанд.

Донишҷӯёни тоҷикро, ки панҷ сол дар Беларус таҳсил кардаанд, авали моҳи май дар назди хобгоҳ, ки онҳо муваффақона супурдани имтиҳони давлатиро ҷашн мегирифтаанд, боздошт ва сипас барои истеъмоли машрубот дар ҷои ҷамъиятӣ санади зарурӣ таҳия намуда, акнун онҳо ба хонаҳояшон бармегарданд.

Дар донишгоҳ таассуфи худро пинҳон намедоранд, зеро ин донишҷӯён муддати 5 сол рафтор ва давомоти хуб дошта, ду нафари онҳо ба аспирантура дохил шуданӣ будаанд ва аз ҳисоби худ таҳсил мекардаанд.

Дар мақомоти милитсия таъкид доштаанд, ки чандин маротиба донишҷӯён аз кишварҳои хориҷиро оид ба риояи қонунҳои маҳаллӣ огоҳ кардаанд. Барои ин амал сокинони маҳаллӣ танҳо ҷарима шуда, хориҷиён аз кишвар хориҷ карда мешаванд. Ин маросимро намоишкорона баргузор намуда, барои ибрат ба маълумоти ҳамагон расониданд, то ки воқеъият ва ҷиддӣ будани ҷазо барои ин амалро нишон диҳанд.

«Имтиҳони давлатиро супурда, хурсандона аз хобгоҳ берун шудем, – ба ёд меорад он рӯзро сокини Душанбе Муҳаммад, яке аз хориҷшудагон. – Дар даст яке шишаи дулитраи оби ҷав буд. Кормандони милитсия омада, ба шуъба бурданд, аз ҷумла ҳамкурсони беларусии гурӯҳамонро низ. Баъди чанд рӯз ба хадамоти муҳоҷират даъват намуда, гуфтанд, ки моро хориҷ мекунанд. Аз деканат миннатдорем, ки барои гирифтани дипломҳоямон вақт доданд».

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.

Шоҳномахони дуюнимсола. Чӣ гуна Ҳанифаи хурдсол “Шоҳнома” азёд мекунад?

Ҳамасола 15-уми май ҳамчун Рӯзи бузургдошти Абулқосим Фирдавсӣ, шоири бузурги тоҷику форс ва муаллифи асари нодири ҳамосӣ – "Шоҳнома" таҷлил мешавад.