«Тоҷиксодиротбонк» дар ихтиёри маъмурияти муваққатӣ

Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) бо мақсади беҳтар кардани вазъи молиявии ҶСК «Тоҷиксодиротбонк» ва ҳимояи манфиатҳои пасандоздорон ва қарздеҳон, ба муҳлати то се моҳ дар бонки зикршуда маъмурияти муваққатӣ таъйин намуд. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти БМТ, мутобиқи ин қарор ҳайати маъмурияти муваққатӣ аз ҳисоби кормандони ботаҷрибаи сохторҳои дахлдори Бонки миллӣ ташкил шуда, ба маъмурияти муваққатӣ […]

ASIA-Plus



Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) бо мақсади беҳтар кардани вазъи молиявии ҶСК «Тоҷиксодиротбонк» ва ҳимояи манфиатҳои пасандоздорон ва қарздеҳон, ба муҳлати то се моҳ дар бонки зикршуда маъмурияти муваққатӣ таъйин намуд.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти БМТ, мутобиқи ин қарор ҳайати маъмурияти муваққатӣ аз ҳисоби кормандони ботаҷрибаи сохторҳои дахлдори Бонки миллӣ ташкил шуда, ба маъмурияти муваққатӣ дастур дода шудааст, ки фаъолияти худро дар асоси қонунгузории ҷумҳурӣ ба роҳ монда, барои беҳтар кардани вазъи молиявии ҶСК «Тоҷиксодиротбонк» чораҳои зарурӣ андешад.

Тоҷиддин Пирзода ва 6 нафар муовинони ӯ муваққатан аз идоракунии ин ташкилоти қарзӣ, ки яке аз бонкҳои муваффақи кишвар шуморида мешавад, барканор шуданд.

Тавре ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз низоми бонкии ҷумҳурӣ дар ин робита иттилоъ дод, маъмурияти муваққатии «Тоҷиксодиротбонк»-ро Мирҳаёт Ёқубови 32-сола роҳбарӣ мекунад. Ӯ ба ҳайси сардори яке аз раёсатҳои Бонки миллӣ фаъолият дорад.

Бино ба гуфтаи манбаъ, рӯзи 18 май зимни як ҷаласа дар «Тоҷиксодиротбонк» бо иштироки намояндагони Бонки миллӣ ва Бонки аврупоии таҷдиду рушд (БАТР) таъйини маъмурияти муваққатӣ эълон шудаааст.

Мебояд гуфт, дар оянда Бонки аврупоии таҷдиду рушд бастаи назоратии саҳмияҳои «Тоҷиксодиротбонк»-ро харидорӣ карданист.

Ба иттилои манбаъ, чанде қабл зимни вохӯрии раҳбарияти «Тоҷиксодиротбонк», Бонки миллӣ ва БАТР дар Лондон ҷонибҳо оид ба саҳмдории БАТР дар сармояи «Тоҷиксодиротбонк» тавофуқи пешакӣ ҳосил карданд.

Дар назар аст, ки БАТР ба сармояи «Тоҷиксодиротбонк» 165 млн. доллари ИМА сармоягузорӣ карда, ҳамин тариқ ба бастаи назоратии саҳмияҳои ин бонки тиҷоратӣ соҳиб мешавад.

Дар идома қайд шуд, ки барои амалисозии ин мақсад «Тоҷиксодиротбонк»-ро зарур аст, ки як қатор шартҳои БАТР вобаста ба азнавташкилдиҳии бонк, аз ҷумла кам кардани шумори баъзе сохторҳо ва кормандонро ба иҷро расонад. «Моҳи июни соли равон масъалаи саҳмдории БАТР дар сармояи «Тоҷиксодиротбонк» ба таври ниҳоӣ ҳаллу фасл мешаад», – гуфт манбаъ.

Зимнан таъкид шуд, ки боз 25%-и саҳмияҳои «Тоҷиксодротбонк»-ро ҳукумати Тоҷикистон харидорӣ карданист.

Айни замон бастаи назорати саҳмияҳои «Тоҷиксодиротбонк» ба ҶСП «Евразия» (ҳудуди 59%-и саҳмияҳо), ҶДММ «Мелодиён» (11,6%), ҶДММ «Эҳсон» (10,9%), ҶДММ «Медиа Плюс» (7,3%) ва ҶДММ «Восток» (1,1%) тааллуқ доранд.

Қаблан

иттилоъ дода будем

, ки дуюмин бонки тиҷоратии бузург дар Тоҷикистон – «Тоҷиксодиротбонк» баҳри кумак ба Бонки аврупоии таҷдиду рушд (БАТР) муроҷиат кард, то ки буҳрони имконпазири пардохтпазириро пешгирӣ кунад.

«Тоҷиксодиротбонк» ба БАТР харидории 50%-и саҳмияҳои бонкро пешниҳод намуд, ки ҳаҷми сармояи умумии он 80 млн. доллари ИМА-ро ташкил медиҳад.

«Мо аллакай бо президенти БАТР Сума Чакраборти вохӯрда, ӯ нияти кумак ба моро изҳор кард, – гуфта буд ба нашрияи

BNE Intellinews

  раиси «Тоҷиксодиротбонк» Тоҷиддин Пирзода. – Бори дигар мо рӯзи 12 май бо ӯ мулоқот ва то чӣ андоза ба шартҳои БАТР мутобиқ буданамонро баррасӣ мекунем. Ба ҷуз БАТР, барои сармояи саҳмиявӣ мо дигар сармоягузоронро низ ҷустуҷӯдорем, аз ҷумла Корпоратсияи байнулмилалллии молиявӣ. Барои пардохтпазир будан мо ҳарчи бештар сармоя ҷалб карданием, то ки уҳдадориҳои худ назди саҳмгузоронамонро ба иҷро расонем».

Бо арзёбии вазъи воқеъии «Тоҷиксодиротбонк», коршиносони байнулмилалӣ «таъсири назарраси омилҳои буҳронӣ»-ро

қайд карда

, бар ин назаранд, ки барои раҳоӣ аз ин вазъ, рӯйи даст гирифтани тадбирҳои таъҷилӣ зарур аст.  

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Рӯзи пойтахт дар куҷо ва чӣ гуна ҷашн гирифта мешавад?

Рӯзи пойтахти Тоҷикистон, ки ҳамасола рӯзи шанбеи сеюми моҳи апрел таҷлил мегардад, имсол ба 18-уми апрел рост меояд.

Медалҳои тилло, нуқра ва биринҷии варзишгарони тоҷик дар рӯзи аввали қаҳрамонии ҷудои Осиё

Эмомалӣ Нуралӣ қаҳрамони Осиё шуд. Обид Ҷебов нишони нуқра ва Мадина Қурбонзода медали биринҷӣ ба даст оварданд.

30 евро аз ҳар тонна. Меъёри пардохти экологӣ барои воридоти сӯзишворӣ муайян шуд

Ин тарҳро чанде пеш вакилони парлумон низ тавсиб карда буданд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 69

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Дар Тоҷикистон аз 1 кас дар як рӯз қариб ним кг партови сахт ҷамъоварӣ мешавад

Ин нишондиҳанда нисбат ба Ӯзбекистон ва Қазоқистон камтар аст.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 17 апрели соли 2026

Аз интихоби раиси Маҷлиси миллӣ то зодрӯзи Абдулаҳад Қаҳҳоров ва даргузашти Сталина Азаматова

#AP30/Коршинос. Рашид Ғанӣ Абдулло: “Азия-Плюс”муаррифи Тоҷикистон шуд

Сиёсатшинос ва таҳлилгари шинохтаи тоҷик ба табрики “Азия-Плюс” омад ва дар бораи мавқеи он дар арсаи расонаҳои кишвар ва минтақа андешаашро иброз дошт.