Ташрифи дабири кулли Созмони ҷаҳонии сайёҳӣ ба Тоҷикистон

Дабири кулли Созмони ҷаҳонии сайёҳӣ (СҶС) Толиб Рифоӣ рӯзҳои 9-11 июн бо сафари корӣ ба Тоҷикистон ташриф меорад. Тавре як манбаъ аз Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ иттилоъ дод, зимни сафар Толиб Рифоӣ бо намояндагони мақомоти расмии ҷумҳурӣ дидору гуфтушунидҳо анҷом дода, бо имконоти сайёҳии Тоҷикистон аз наздик шинос мешавад. Қобили зикр аст, ки моҳи майи […]



Дабири кулли Созмони ҷаҳонии сайёҳӣ (СҶС) Толиб Рифоӣ рӯзҳои 9-11 июн бо сафари корӣ ба Тоҷикистон ташриф меорад.

Тавре як манбаъ аз Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ иттилоъ дод, зимни сафар Толиб Рифоӣ бо намояндагони мақомоти расмии ҷумҳурӣ дидору гуфтушунидҳо анҷом дода, бо имконоти сайёҳии Тоҷикистон аз наздик шинос мешавад.

Қобили зикр аст, ки моҳи майи соли 2010 дабири кулли Созмони ҷаҳонии сайёҳӣ бо сафари 5-рӯза аз Тоҷикистон боздид карда, бо сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон, вазири корҳои хориҷии ҷумҳурӣ, раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ ва вазири молияи Тоҷикистон дидору гуфтушунид карда буд.

Зимни мулоқот бо вазири молияи Тоҷикистон Толиб Рифоӣ таъкид дошта буд, ки «аз нигоҳи захираву имконоти сайёҳӣ Тоҷикистон хеле бой аст ва сеяки буҷетро мебояд ба рушди бахши сайёҳӣ равона кард, то ки минбаъд ба рушди иқтисоди кишвар мусоидат намояд».

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Омӯзгоре, ки аз латукӯби бародари як шогирдаш шикоят дошт, мегӯяд, нисбати худаш парванда боз шудааст

Пештар гуфта мешуд, ки Додситонии ноҳияи Нуробод шикояти омӯзгорро баррасӣ дорад.

Трамп баъди фишори Эрон Натаняҳуро водор ба оташбас кард ва гуфт, ки эҳтимол ҳафтаи оянда Вашингтону Теҳрон ба созиш расанд

Бо вуҷуди эълони оташбас аз сӯйи раисҷумҳури Амрико, даргирӣ миёни Исроил ва “Ҳизбуллоҳ” идома ёфт.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 5

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Дар Тоҷикистон Шӯрои рушди иқтисоди рақамӣ дар назди раисҷумҳур таъсис ёфтааст

Он мақоми машваратии нав буда, роҳбарии онро Эмомалӣ Раҳмон ба уҳда дорад.

Хадамоти зиддиинҳисорӣ: Нархи семент дар Тоҷикистон ба эътидол меояд

Дар ин ниҳод гуфтанд, вазъият дар бозор пас аз супориши раисҷумҳур "муътадил шуд".