Ҳукми ҳабси абад ба ду муовини раиси ҲНИТ

Суди олии Тоҷикистон имрӯз муовинони раиси Ҳизби фаъолияташ мамнӯъи наҳзати исломии Тоҷикистон Саидумар Ҳусайнӣ ва Маҳмадалии Ҳайитро ба ҳабси абад маҳкум кард. Дар ин бора ба «Азия-Плюс» Савринисо Ҷӯраева, ҳамсари Маҳмадалии Ҳайит хабар дода, изҳор дошт, ки «онҳоро фиреб додаанд, зеро қаблан гуфтаанд, ки ҳукм рӯзҳои 4-5 июн эълон мешавад. «Имрӯз ба мо занг зада, […]



Суди олии Тоҷикистон имрӯз муовинони раиси Ҳизби фаъолияташ мамнӯъи наҳзати исломии Тоҷикистон Саидумар Ҳусайнӣ ва Маҳмадалии Ҳайитро ба ҳабси абад маҳкум кард.

Дар ин бора ба «Азия-Плюс» Савринисо Ҷӯраева, ҳамсари Маҳмадалии Ҳайит хабар дода, изҳор дошт, ки «онҳоро фиреб додаанд, зеро қаблан гуфтаанд, ки ҳукм рӯзҳои 4-5 июн эълон мешавад. «Имрӯз ба мо занг зада, гуфтанд, ки барои шунидани қироати ҳукм биёед», – иброз дошт ӯ.

Ба гуфтаи номбурда, ягона зан миёни судшавандагон – ҳуқуқшиноси ҳизб Зарафо Раҳмонӣ ба 2 соли зиндон маҳкум шудааст.

Саттор Каримов, Раҳматуллои Раҷаб, Қиёмиддини Аваз ва Абдуқаҳҳори Давлат ҳар кадоме ба 28 соли зиндон маҳкум шуда, Зубайдулло Розиқ – 25 сол, Муҳаммадалии Файзмуҳаммад – 23 сол, Воҳидхони Қосиддин ва Саъдиддини Рустам – ҳар кадоме 20 сол, сардабири нашрияи ҳизбии «Наҷот» Ҳикматулло Сайфуллозода – 16 сол, Муҳаммадшариф Набиев ва Абдусамад Ғайратов – ҳар кадоме 14 сол аз озодӣ маҳрум карда шудаанд.

Мурофиаи судӣ нисбати 13 узви Шӯрои сиёсии ҲНИТ 24 феврали соли 2016 шурӯъ шуда, он пушти дарҳои пӯшида ҷараён дорад. Радиои Озодӣ 6 апрел бо истинод ба раиси мурофиаи мазкур судяи Суди олии 

иттилоъ дода буд

, ки мурофиаи 13 узви баландпояи ҲНИТ ба поён расида, ҳайати додгоҳ ба хотири судури ҳукм дар хонаи машваратӣ қарор дорад.

Ҳамаи 13 узви фаъоли ҲНИТ 16 сентябри соли гузашта боздошт ва баъди ду ҳафта Суди олӣ ин ҳизбро ифротгаро ва террористӣ эътироф намуд. Бо қарори суд чопи нашрияи ҳизбии «Наҷот» қатъ карда шуда, сомонаи расмии ҳизб низ баста шуд.

ҲНИТ ва роҳбари онро, ки айни замон дар хориҷи кишвар қарор дорад, ба ташкил ва маблағгузорӣ ба табаддулоти давлатӣ айбдор карданд, ки онро собиқ муовини вазири мудофиаи ҷумҳурӣ Абдуҳалим Назарзода (Ҳоҷӣ Ҳалим) санаи 4 сентябр амалӣ карданӣ буд.

Ин исён саркӯб шуда, иштирокчиёни асосии он, аз ҷумла Ҳоҷӣ Ҳалим низ кушта шуд. Нисбати онҳо мутобиқи моддаҳои 3-14-и Кодекси ҷиноии Тоҷикистон айбномаҳо пешниҳод шуданд.


  

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Даҳҳо дарахт шикаста, хонаҳо зарар диданд. Хисороти офати табиии ду рӯзи гузашта дар Тоҷикистон

Дар натиҷаи омадани сел як мошинро дарёи Кофарниҳон бурдааст ва 5 мошини дигар зери лой мондаанд.

Омӯзиши хати форсӣ дар Тоҷикистон. Эмомалӣ Раҳмон ба ҳукумат дастур дод, ки сифати таълими алифбои ниёгон беҳтар карда шавад

Ӯ гуфтааст, ин кор "дар доираи омӯзиш ва тарғибу ташвиқи таъриху фарҳанги ориёӣ" анҷом шавад.

Қироншоҳ Шарифзода: “Азия-Плюс” намунаи миллатдӯстӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлатдорӣ аст!

Ин муҳаққиқи шинохта ба он назар аст, ки бо ташкили бахши тоҷикӣ нуфузи “Азия-Плюс” дучанд шуд.

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.