Ҷаримаи 5 тан аз наздикони фаъолони маҳкумшудаи ҲНИТ

Суди ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе панҷ тан аз пайвандону наздикони фаъолони Ҳизби фаъолияташ мамнӯъи наҳзати исломии Тоҷикистонро, ки санаи 2 июн нисбаташон ҳукми суд содир шуд, ҷарима баст. Ба гуфтаи Савринисо Ҷӯраева, ҳамсари муовини раиси ҲНИТ Маҳмадалии Ҳайит, онҳо барои «итоат накардан ба талаботи кормандони милитсия» ҷаримабандӣ шудаанд. «Ман ва ҳамсарони маҳкумшудагон Раҳматуллои Раҷаб, Зубайдуллоҳи […]

asia+, asia+



Суди ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе панҷ тан аз пайвандону наздикони фаъолони Ҳизби фаъолияташ мамнӯъи наҳзати исломии Тоҷикистонро, ки санаи 2 июн нисбаташон ҳукми суд содир шуд, ҷарима баст.

Ба гуфтаи Савринисо Ҷӯраева, ҳамсари муовини раиси ҲНИТ Маҳмадалии Ҳайит, онҳо барои «итоат накардан ба талаботи кормандони милитсия» ҷаримабандӣ шудаанд.

«Ман ва ҳамсарони маҳкумшудагон Раҳматуллои Раҷаб, Зубайдуллоҳи Розиқ ва боз ду нафари дигар баъди эълони ҳукми Суди олии Тоҷикистон ният кардем, ки ба бинои намояндагии СММ дар Душанбе ворид шавем, то ки аз мутахассисон машварат гирем, вале кормандони милитсия моро дар назди бино боздошта, ба шуъбаи ноҳиявии милитсия оваранд», – иброз дошт Ҷӯраева.

Номбурда ҳамчунин зикр кард, ки кормандони милитсия аз онҳо сабаби муроҷиаташонро ба намояндагии СММ пурсида, «маслиҳат доданд, ки аз рӯи масъалаи ҳукм ба наздиконамон шикояти кассатсионӣ пешниҳод намоем». «Сипас моро ба суди ноҳия оварда, ҳар кадомамонро дар ҳаҷми 40 сомонӣ ҷарима карданд», – афзуд С.Ҷӯраева.

Ёдрас мекунем, ки  Суди олии Тоҷикистон санаи 2 июн нисбати фаъолони боздоштшудаи ҲНИТ

ҳукм содир намуда

, муовинони раиси ҳизб Саидумар Ҳусайнӣ ва Маҳмадалии Ҳайитро ба ҳабси абад маҳкум кард.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Омӯзиши хати форсӣ дар Тоҷикистон. Эмомалӣ Раҳмон ба ҳукумат дастур дод, ки сифати таълими алифбои ниёгон беҳтар карда шавад

Ӯ гуфтааст, ин кор "дар доираи омӯзиш ва тарғибу ташвиқи таъриху фарҳанги ориёӣ" анҷом шавад.

Қироншоҳ Шарифзода: “Азия-Плюс” намунаи миллатдӯстӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлатдорӣ аст!

Ин муҳаққиқи шинохта ба он назар аст, ки бо ташкили бахши тоҷикӣ нуфузи “Азия-Плюс” дучанд шуд.

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Коршинос: “Хушксолӣ дар Осиёи Марказӣ ба таҳдиди доимӣ табдил меёбад”

Ҳарорат дар минтақа нисбат ба нишондиҳандаҳои миёнаи ҷаҳонӣ зудтар баланд мешавад.