Вохӯрии роҳбарони Кумитаҳои миллии олимпии Тоҷикистону Афғонистон

Ахири ҳафтаи гузашта дар шаҳри Душанбе, дар қароргоҳи Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон (КМОТ), дабири кулли КМОТ Баҳрулло Раҷабалиев бо раиси Кумитаи миллии олимпии Афғонистон Муҳаммад Зоҳир Ағбар мулоқот карда, дар вохӯрӣ масъалаҳои ҳамкориҳои дуҷониба байни кумитаҳои олимпии ҳарду кишвар баррасӣ шуд. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти Кумитаи милллии олимпии ҶТ, Баҳрулло Раҷабалиев гуфт, “мо бисёр […]

ASIA-Plus



Ахири ҳафтаи гузашта дар шаҳри Душанбе, дар қароргоҳи Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон (КМОТ), дабири кулли КМОТ Баҳрулло Раҷабалиев бо раиси Кумитаи миллии олимпии Афғонистон Муҳаммад Зоҳир Ағбар мулоқот карда, дар вохӯрӣ масъалаҳои ҳамкориҳои дуҷониба байни кумитаҳои олимпии ҳарду кишвар баррасӣ шуд.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти Кумитаи милллии олимпии ҶТ, Баҳрулло Раҷабалиев гуфт, “мо бисёр мехоҳем бо кишвари ҳамсояи худ тавассути варзиш, ки қосиди сулҳ аст, ҳамкориҳоро густариш бидиҳем. Хуб мебуд, ки дар риштаҳои маъмули олимпӣ, ба мисли ҷудо, бокс, гуштии озод, гуштии фарангӣ ё юнониву румӣ, теннис, бадминтон, тенниси рӯи миз, таэквондо ВТФ, футболу волейбол мусобиқоти дӯстона баргузор намоем. Барои ин маблағи зиёде сарф намешавад, зеро ки мо кишварҳои ҳамсояем ва роҳ хеле надик аст. Ба мақсад мувофиқ мебуд, агар мо барои табодули таҷрибаи варзишгарону мураббиён, доварон ва мутахассисони соҳа низ ҳамкорӣ мекардем. Ба назари ман мо бояд созишномаи ҳамкорӣ байни кумитаҳои олимпии ҳарду кишварро таҳия намуда, ба имзо расонем.”

Ҷаноби Раҷабалиев, инчунин иброз дошт, ки соли равон дар риштаи теннис дар Душанбе ду мусобиқаи бузург миёни наврасони синашон зери 14-сола баргузор мешавад. Ӯ афзуд, “яке аз ин мусобиқотро Федератсияи байналмилалии теннис (ITF) доир мекунад. Дигаре мусобиқаи анъанавӣ барои Ҷоми президенти Тоҷикистон мебошад. Мо теннисбони навраси Афғонистонро барои ширкат дар ин ду мусобиқа даъват мекунем. Инчунин моҳи октябр дар Душанбе давраи бозомӯзии мураббиёни теннис баргузор мешавад ва мо пардохти маблағи ду мураббии теннисро аз Афғонистон дар ин давраи бозомӯзӣ ба зиммаи худ мегирем.”

Дар ин мулоқот Муҳаммад Зоҳир Ағбар гуфт, “ман ниҳоят хушҳол ҳастам, ки дар раъси улампики кишвари ҳамсояи мо раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон қарор доранд. Мусалламан дастгирӣ аз онҳо сабаб мешавад, ки ифтихороти Тоҷикистон афзуда шавад. Ва дар ҳар яке аз мусобиқот, вақте иттилоъ ҳосил мекунем, ки як ҷавони тоҷикистонӣ медолеро ба даст овардааст, мо эҳсос мекунем, ки он медолро фарзанди афғонии мо ба даст овардааст. Мо талош мекунем, ки бисёр равобити ҳасана бо ҳамсояи худ дошта бошем. Аз лиҳози таърихӣ ба ҳеҷ ваҷҳ мо наметавонем, ки решаҳои амиқ ва пайвандҳои дури таърихиро нодида бигирем. Вале орзумандии мо зиёд, бештар аст, ки дар таҳкими ин равобит бояд масъулини ҳарду кишвар талош бикунанд. Орзуманд ҳастам, як тавофуқномаеро бо Кумитаи миллии улампики Тоҷикистон ба имзо расонем ва дар татбиқи он тавофуқнома ҳарду тараф гомҳои мусбат бардоранд.”

Раҳбари Кумитаи миллии олимпии Афғонистон аз раҳбарии варзиши Тоҷикистон тақозо кард, ки тимҳои худро ба Афғонистон барои мусобиқоти дӯстона бифиристанд. Ҷаноби Ағбар иброз дошт, “тасаввур чунин аст, ки давлати Афғонистон ё идораи варзиши Афғонистон аз имконоти иқтисодии хубе бархӯрдор нест. Ман ба шумо эълон мекунам, ҳар тиматон, ки мехоҳанд ба Афғонистон ташриф биёранд, улампики Афғонистон онҳоро дастгирӣ мекунад, то ин равобит, ин муносибот сабаб шавад, ки ҷавонони тоҷикистонии мо бифаҳманд, ки мардуми Афғонистон чӣ қисмат мардум ҳастанд, дар ин ҷо кадом фарҳангҳо ҳоким аст, кадом мардум зиндагӣ мекунад.”

Ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки лоиҳаи тавофуқнома ҳарчи зудтар омода карда, ҳангоми баргузории мулоқоти оянда ба имзо расонида шавад.

Дар анҷоми мулоқот Баҳрулло Раҷабалиев ба Муҳаммад Зоҳир Ағбар  тӯҳфаҳои хотиравӣ тақдим кард.

Дар навбати худ Муҳаммад Зоҳир Ағбар ба Баҳрулло Раҷабалиев медали ифтихорӣ ва тӯҳфаҳои рамзии КМО Афғонистонро супурд. Ӯ, инчунин ба мушовири Президенти КМО Тоҷикистон Нарзулло Латифов медали ифтихории КМО Афғонистонро эҳдо намуд. Мудири кулли КМО Тоҷикистон Муҳаммадшо Абдуллоев, ки дар сафари корӣ дар Ветнам мебошад, низ бо медали ифтихории КМО Афғонистон қадрдонӣ шудааст.

Дар ин мулоқот намояндаи Сафорати Ҷумҳурии Исломии Афғонистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Аҳмад Муслим Ҷоҳид, ректори Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ба номи Саидмуъмин Раҳимов профессор Шодӣ Сафаров ва кормандони масъули КМО Тоҷикистон ширкат доштанд.

Пас аз мулоқот меҳмонон гӯшаву лавҳаҳоеро, ки дар онҳо дар бораи таърихи ҳаракати олимпӣ дар Тоҷикистон иттилоъ дода мешавад, тамошо карда, инчунин  аз Маркази ташхиси тиббии назди Кумитаи миллии олимпӣ дидан карданд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Раъду барқ дар кӯҳҳо. Чӣ гуна сайругашти маъмулии се хонанда аз шаҳри Турсунзода бо фоҷеа анҷомид?

"Азия-Плюс" ба хонаи қурбониёни ин фоҷеа рафт ва бо наздикони онҳо суҳбат кард.

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио