Боздошти 7 толибилми пойтахт барои авбошӣ

Кормандони милиса 7 нафар хонадагони яке аз мактабҳои таҳсилоти умумии шаҳри Душанберо барои ташкили занозании оммавӣ боздошт намуданд. Дафтари матбуоти ВКД Тоҷикистон дар шарҳи ин ҳодиса менависад, хонандагони синфҳои 9 ва 11-и яке мактабҳои таҳсилоти умумӣ ва як нафари дигар, ки таҳсил намекунад аз ҷониби кормандони милитсия бо гумони авбошӣ дастгир гардиданд. Гуфта мешавад, гумонбаршудагон […]

ASIA-Plus



Кормандони милиса 7 нафар хонадагони яке аз мактабҳои таҳсилоти умумии шаҳри Душанберо барои ташкили занозании оммавӣ боздошт намуданд.

Дафтари матбуоти ВКД Тоҷикистон дар шарҳи ин ҳодиса менависад, хонандагони синфҳои 9 ва 11-и яке мактабҳои таҳсилоти умумӣ ва як нафари дигар, ки таҳсил намекунад аз ҷониби кормандони милитсия бо гумони авбошӣ дастгир гардиданд. Гуфта мешавад, гумонбаршудагон рӯзи 3 июн аз ҳиссиёти авбошӣ тартиботи ҷамъиятиро дағалона вайрон намуда, якдигарро лату кӯб намудаанд, ки дар натиҷа чор нафари онҳо ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гаштаанд.

Зимнан зикр мегардад, ки аз рӯи ҳодисаи мазкур тафтишот идома дорад.

Ёдрас мекунем, ки охири моҳи май низ ду нафар донишҷӯён – сокини 21-солаи шаҳри Ваҳдат ва сокини 19-солаи шаҳри Душанбе ба гумони содир намудани ҷинояти авбошӣ

дастгир шуда буданд.

Онҳо дар назди яке аз муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии ноҳияи Рӯдакӣ бо 4 нафар хонандагони синфҳои 10 ва 11-уми мактаби мазкур аз ҳиссиёти авбошӣ ҷангу ҷанҷол карда, хонандагонро зери лату кӯб қарор дода буданд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.