Тағйирот ба қонун «Дар бораи интихоботи президент»

Таҳти раёсати раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров имрӯз ҷаласаи навбатии Шӯрои палатаи поёнии парлумон доир гардида, дар он лоиҳаҳои тағйироту илова ба қонунҳо «Дар бораи интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи интихоботи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ» мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Котиби матбуотии палатаи поёнии парлумони […]

ASIA-Plus



Таҳти раёсати раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров имрӯз ҷаласаи навбатии Шӯрои палатаи поёнии парлумон доир гардида, дар он лоиҳаҳои тағйироту илова ба қонунҳо «Дар бораи интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи интихоботи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ» мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Котиби матбуотии палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ Муҳаммадато Султонов ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки аъзои Шӯрои ҳамчунин лоиҳаҳои тағйироту иловаи аз ҷониби ҳукумат пешниҳодушда ба қонунҳо «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» ва «Дар бораи фаъолияти ноширӣ ва полиграфӣ»-ро низ баррасӣ карданд.

Дар ҳамин ҳол, зимни мусоҳиба ба «Азия-Плюс» роҳбари Кумитаи парлумон оид ба сохтмон ва худидоракунии маҳаллӣ вакил Абдураҳим Холиқзода дар ин робита изҳор намуд, ки тағйироту илова ба қонунҳо «Дар бораи интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи интихоботи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ» аз натиҷаҳои раъйпурсии умумихалқии рӯзи 22 май бармеоянд, ки мутобиқи он Пешвои миллат, сарвари амалкунандаи Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба муҳлати бемаҳдуд президенти Тоҷикистон интихоб шуда метавонад.

Ғайр аз ин, мувофиқи тағийроти қабулшуда ба Конститутсия, шаҳрванди ба синни 30-сола расидаи Тоҷикистон президент ва вакили парлумон интихоб шуда метавонад. Ин маҳдудиятҳои синнусолӣ қаблан мутаносибан 35 ва 25 солро ташкил медоданд.

Ба гуфтаи А.Холиқзода, тағйироту иловаҳои пешниҳодшуда низ ба бартараф сохтани чанде аз мухолифатҳои қонунҳои мазкур бо қонунҳои дигари ҷумҳурӣ равона гардидаанд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.