Шабакаҳои гармидиҳии аз фаъолият бозмондаи пойтахт барқарор карда мешаванд

Муовини нахуствазири Тоҷикистон Азим Иброҳим ҷаласаи ситоди корӣ оид ба омода кардани шабакаҳои гармидиҳии шаҳри Душанбе ба мавсими зимистонро баргузор намуд. Тавре як манбаъ аз ҳукумати ҷумҳурӣ дар ин робита иттилоъ дод, муовини нахуствазир қайд кардааст, ки бо дастури президенти мамлакат ҳукумат азнавсозӣ ва барқарор кардани шабакаҳои гармидиҳии Душанберо ба нақша гирифтааст, ки қисмате аз […]

ASIA-Plus



Муовини нахуствазири Тоҷикистон Азим Иброҳим ҷаласаи ситоди корӣ оид ба омода кардани шабакаҳои гармидиҳии шаҳри Душанбе ба мавсими зимистонро баргузор намуд.

Тавре як манбаъ аз ҳукумати ҷумҳурӣ дар ин робита иттилоъ дод, муовини нахуствазир қайд кардааст, ки бо дастури президенти мамлакат ҳукумат азнавсозӣ ва барқарор кардани шабакаҳои гармидиҳии Душанберо ба нақша гирифтааст, ки қисмате аз онҳо тайи солҳо охир умуман кор намекарданд.

Тибқи нақшаи ҳукумат, барои насби шоҳқубури гармидиҳӣ аз «МБГ Душанбе-2» то «Автовокзали»-и ш. Душанбе, ки дарозиаш 6,1 км мебошад, корҳои сохтмонӣ аллакай оғоз гардидаанд. Бо ин мақсад аз Чин 11 ҳазору  508 метр қубурҳои гуногунқутр ворид гардидааст.

Маркази барқу гармидиҳии Душанбе-2 барои истеҳсоли нерӯи барқ ва гармӣ пешбинӣ шуда, гармкунии об дар лоиҳаи сохтмони ин иншоот вуҷуд надорад.

Иқтидори истеҳсолии МБГ Душанбе-2 300 МВт нерӯи барқ ва 167 ГК гармиро ташкил медиҳад. Иншоот бо ангишт кор мекунад. Дар он таҷҳизоте насб хоҳад шуд, ки дар сурати зарурат корхона метавонад ба истифодаи газ ба сифати сӯзишворӣ гузарад.

Барои фаъолияти мунтазами МБГ дар мавсими гармидиҳӣ дар мавзеи Лучоб анбори захираи ангишт сохта мешавад, ки ғунҷоиши он 700 ҳазор тоннаро ташкил медиҳад.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.

Ду ҷудокори тоҷик дар садри радабандии ҷаҳонӣ қарор гирифтанд

Мавқеи паҳлавонони дигари тоҷик дар радабандии ҷаҳонии ҷудо.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 8 майи соли 2026

Аз таъсиси Конфедератсияи футболи Осиё то Рӯзи ҷаҳонии Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар.

Раъду барқ дар кӯҳҳо. Чӣ гуна сайругашти маъмулии се хонанда аз шаҳри Турсунзода бо фоҷеа анҷомид?

"Азия-Плюс" ба хонаи қурбониёни ин фоҷеа рафт ва бо наздикони онҳо суҳбат кард.

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.