Дилдодагон даст ба худкушӣ заданд

Дар ноҳияи Дӯстии вилояти Хатлон ду ҷавони дилдода даст ба худкушӣ зада, худашонро аз ҷарии баландиаш тахминан 100 метр ба поин партофанд. Дафтари матбуоти ВКД Тоҷикистон дар шарҳи ин ҳодиса менависад, субҳи рӯзи 7 июн  ҷавони 20-сола ва духтари 16-солаи сокинони ҳамин ноҳия, аз сабаби оне, ки волидайнашон барои оила барпо намудани онҳо бо сабаби […]



Дар ноҳияи Дӯстии вилояти Хатлон ду ҷавони дилдода даст ба худкушӣ зада, худашонро аз ҷарии баландиаш тахминан 100 метр ба поин партофанд.

Дафтари матбуоти ВКД Тоҷикистон дар шарҳи ин ҳодиса менависад, субҳи рӯзи 7 июн 

ҷавони 20-сола ва духтари 16-солаи сокинони ҳамин ноҳия, аз сабаби оне, ки волидайнашон барои оила барпо намудани онҳо бо сабаби ҳанӯз ноболиғ будани духтар розӣ нашудаанд, бо мақсади худкушӣ ба болои теппаҳои деҳаи Умеди ноҳияи мазкур баромада, ҳардуяшон даст ба даст карда, худашонро ба ҷарии баландиаш тахминан 100-метр партофтаанд.

Гуфта мешавад, дар натиҷа духтари ноболиғ ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст ва ҷавони 20-сола бо гирифтани ҷароҳатҳои гуногуни вазнини ҷисмонӣ дар беморхона бистарӣ гаштааст.

Зимнан зикр мегардад, ки тафтиши ҳодисаи мазкур идома дорад.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Мӯйсафеде, ки ба Эмомалӣ Раҳмон гуфт, “миллати ориёиҳоро зиёд кардем” кист?

Вақте навори ин гуфтугӯ паҳн шуд, ба ин суроғи пирамарди зиндадил рафтем ва дар бораи зиндагии ӯ гузориш омода кардем.

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.