Барои қатли ҳамсоязан сокини пойтахт 25 сол зиндонӣ шуд

Сокини 23-солаи шаҳри Душанбе Ислом Иззатов барои қатли ҳамсоязани 44-сола ва кӯшиши куштани писари 13-солаи ӯ ба 25 соли зиндони низомаш шадид маҳкум шуд. Бино ба маълумоти суди шаҳри Душанбе, 17 сентябри соли гузашта маҳкумшуда ба манзили ҳамсоязан, сокини кӯчаи Намангон ворид шуда, бо корд ба ҷисми зан якчандзарба мезанад, ки ӯ аз ҷароҳатҳои бардошта […]

ASIA-Plus



Сокини 23-солаи шаҳри Душанбе Ислом Иззатов барои қатли ҳамсоязани 44-сола ва кӯшиши куштани писари 13-солаи ӯ ба 25 соли зиндони низомаш шадид маҳкум шуд.

Бино ба маълумоти суди шаҳри Душанбе, 17 сентябри соли гузашта маҳкумшуда ба манзили ҳамсоязан, сокини кӯчаи Намангон ворид шуда, бо корд ба ҷисми зан якчандзарба мезанад, ки ӯ аз ҷароҳатҳои бардошта дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат мерасад. Сипас ӯ ба писари 13-солаи зан низ бо корд 4 зарба зада, ноболиғ дар бемористон бистарӣ мешавад.

Гуфта мешавад, маҳкумшуда бинобар сабаби шикояти ҳамсоязан ба ҳокимияти маҳаллӣ доир ба вайрон шудани таҳкурсии хонааш аз обпартоҳои манзили Иззатов ба ин ҷиноят даст задааст.

Зимнан зикр мегардад, ки келини хонадон, ҳамсари бародари судшуда Алифмо Шарипова низ барои хабар надодан дар бораи ҷиноят ба 2 соли зиндони низомаш умумӣ маҳкум шудааст.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.