Семинари БМТ оид ба муқовимат ба қонунигардонии даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда

Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) дар ҳамбастагӣ бо Ҳайати намояндагони Раёсати мубориза бо гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва ҷинояти СММ, намояндагони САҲА ва Гурӯҳи Авросиё оид ба муқовимат ба қонунигардонии даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда ва маблағгузории терроризм, дар мавзӯи “Пешниҳоди беҳтарин таҷрибаҳои кор дар бахши гузаронидани тафтишот дар самти мубориза бо қонунигардонии даромадҳои бо роҳи […]

ASIA-Plus



Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) дар ҳамбастагӣ бо Ҳайати намояндагони Раёсати мубориза бо гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва ҷинояти СММ, намояндагони САҲА ва Гурӯҳи Авросиё оид ба муқовимат ба қонунигардонии даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда ва маблағгузории терроризм, дар мавзӯи “Пешниҳоди беҳтарин таҷрибаҳои кор дар бахши гузаронидани тафтишот дар самти мубориза бо қонунигардонии даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда ва маблағгузории терроризм”, барои мутахассисони Департаменти назорати молиявии БМТ, мақомоти судӣ, прокуратураи генералӣ ва дигар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ семинари таълимӣ баргузор намуд.

Дар рафти семинар коршиносони Раёсати мубориза бо гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва ҷинояти СММ ва Гурӯҳи Авросиё оид ба муқовимат ба қонунигардонии даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда ва маблағгузории терроризм ба иштирокдорони семинар аз намунаҳои беҳтарини таҳқиқоти амалии молиявӣ мисолҳо оварда, барои дар амалия истифода бурдан усулҳои мушаххас ва муассир пешниҳод намуданд.

Дар хотимаи чорабинӣ иштирокдорон аз баргузории семинари мазкур изҳори қаноатмандӣ намуда, иброз доштанд, ки омӯзиши таҳқиқи ҷиноятҳои молиявӣ бо истифода аз усул ва технологияи муосир ба манфиати кор буда, таҷрибаҳои андӯхта дар амалия ҳатман татбиқ хоҳанд шуд. 

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.