Ҷарима барои лавҳаҳои рекламавӣ дар пойтахт

Соҳибкорони шаҳри Душанбе аз мағозаҳои худ лавҳаҳои рекламавиро барканор мекунанд. Ба аксари онҳо дар бораи зарурати пардохти маблағ барои ҷойгир кардани рекламаи беруна огоҳинома супурда шуда, барои саркашӣ аз пардохт аз 800 сомонӣ то 20 ҳазор сомонӣ ҷарима пешбинӣ шудааст. Мактуб бо огоҳинома оид ба пардохти маблағ барои рекламаи берунаро шуъбаи Хадамоти зиддиинҳисорӣ дар Душанбе […]

ASIA-Plus



Соҳибкорони шаҳри Душанбе аз мағозаҳои худ лавҳаҳои рекламавиро барканор мекунанд. Ба аксари онҳо дар бораи зарурати пардохти маблағ барои ҷойгир кардани рекламаи беруна огоҳинома супурда шуда, барои саркашӣ аз пардохт аз 800 сомонӣ то 20 ҳазор сомонӣ ҷарима пешбинӣ шудааст.

Мактуб бо огоҳинома оид ба пардохти маблағ барои рекламаи берунаро шуъбаи Хадамоти зиддиинҳисорӣ дар Душанбе сарфи назар аз шакли моликият, ба ҳамаи корхонаву ташкилотҳо ирсол кардааст.

Дар мактуб зикр гардидааст, ки маблағи рекламаи беруна бар асоси қарори раиси шаҳри Душанбе бояд ҳанӯз аз соли 2007 пардохт мешудааст. Ба ҷуз рекламаи таъиноти иҷтимоӣ ва ҳамчунин лавҳаҳо бо номи мағозаву марказҳои хизматгузорӣ, аз ҷумла корхонаву муассиса ва ташкилотҳои давлатӣ, барои дигар ҳамаи лавҳаҳои рекламавӣ бо андозаи беш аз як метри мураббаъ бояд маблағ пардохт карда шавад.

Аз шуъбаи Хадамоти зиддиинҳисорӣ дар шаҳри Душанбе ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ доданд, ки пардохти маблағи рекламаҳои зикршуда мутобиқи талаботи моддаи 14-и қонун «Дар бораи реклама» ва моддаҳои 79-81 -и қонун «Дар бораи дигар пардохтҳои ҳатмӣ ба буҷет» сурат мегирад.

«Мутобиқи қонунгузории Тоҷикистон, барои рекламаи беруна мақомоти давлатӣ, ки онро барои иҷрои уҳдадориҳои худ ҷойгир мекунанд, шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, ки рекламаи берунаи таъиноти иҷтимоӣ ва сиёсӣ доранд, ҳамчунин лавҳаҳои мағозаву дорухона, фурӯшгоҳҳо ва дигар ҷойҳо барои шинохти макони муайян бо андозаи на бештар аз 1 метри мураббаъ, ғайр аз ин, ҳама гуна рекламаи дохилӣ аз пардохти маблағ озод карда мешаванд», – гуфт манбаъ. 

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.