Шиносоии сарвазир бо корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ дар Кӯлоб

Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода рӯзи 14 июн дар ноҳияҳои минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон бо фаъолияти пойгоҳҳои обкашӣ ва вазъи корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ шинос шуд. Бино ба иттилои АМИТ «Ховар» , сарвазир дар ноҳияи Фархор нахуст аз мавзеи пойгоҳи обкашии Урта-Боз -4 дидан кард. Ин пойгоҳ дорои  12 муҳаррики обкашӣ буда, дар се  қитъа масоҳати наздик ба […]

АМИТ «Ховар»



Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода рӯзи 14 июн дар ноҳияҳои минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон бо фаъолияти пойгоҳҳои обкашӣ ва вазъи корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ шинос шуд.

Бино ба иттилои

АМИТ «Ховар»

, сарвазир дар ноҳияи Фархор нахуст аз мавзеи пойгоҳи обкашии Урта-Боз -4 дидан кард. Ин пойгоҳ дорои  12 муҳаррики обкашӣ буда, дар се  қитъа масоҳати наздик ба 4 ҳазор гектар замини таъйиноти кишоварзиро бо об таъмин мекунад. Тавре иттилоъ дода шуд, обёрии заминҳо дар қитъаи якум аз моҳи апрели соли равон шуруъ гардида, барои фаъолияти пурраи пойгоҳи обкашӣ иваз намудани қисмҳои эҳтиётии муҳаррикҳои обрасони қитъаҳои дуюм ва сеюм  пеш омадааст. Масъулини соҳа барои сари вақт ба кор андохтани пойгоҳи обкашӣ бо иқтидори пурра ва дар муҳлатҳои наздик аз таъмир баровардани таҷҳизоти кории он вазифадор карда шуданд.

Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода ҳамчунин дар ноҳияи Фархор бо ҷараёни корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ дар мавзеи Сайёди деҳоти Даркад, ки дар масофаи беш аз 130 метр гузаронида мешаванд, шинос шуд. Дар ин мавзеъ, ки дар ноҳия минтақаи дорои хавфи бештар ба ҳисоб меравад тамоми тадбирҳо барои пешгирӣ аз ҳар гуна офатҳои табиии марбут ба об андешида мешавад.

Дар идомаи сафар Сарвазири мамлакат ва ҳайати ҳамроҳонаш бо ҷараёни корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ дар мавзеи Чубеки ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ шинос шуд. Тавре таъкид карда шуд, дар ин мавзеъ дар масофаи 537 метр  аз ҷониби Муассисаи давлатии «Маркази идораи лоиҳаи идоракунии захираҳои обии водии Фарғона» корҳои барқарорсозии саддҳои обгардон ба таври шабонарӯзӣ амалӣ гардида,  дар иҷрои ин корҳо се ташкилоти сохтмонии ватанӣ сафарбар шудаанд.

Ба гуфтаи масъулин, дар пешбурди корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ дар ин мавзеъ мушкилоте набуда, иҷрочиёни лоиҳа  аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо масолеҳи зарурии сохтмонӣ, сӯзишворӣ ва техникаю таҷҳизоти корӣ таъмин карда шудаанд.

Дар айни замон дар ҳамин мавзеъҳои хавфноки наздик ба маҳаллаҳои аҳолинишин зиёда аз 2500 адад бетонсанги обгардон захира шуда, барои барқарорсозии ҳар як минтақаи харобгардида истифода бурда мешаванд.

Сарвазири мамлакат масъулини соҳа ва иҷрочиёни лоиҳаи корҳои соҳилмустаҳкамкунии мавзеи Сарбанд ва Боғбунёди деҳоти Чубекро барои иҷрои босифати корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ, захираи пурраи масолеҳи сохтмонӣ, сӯзишворӣ, оҳан, симу бетонсангҳо, ташкили навбатдории шабонарӯзӣ ва афзун намудани техникаю таҷҳизоти корӣ вазифадор намуд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Парвоз дар масири Машҳад – Душанбе – Машҳад пас аз ҷанг дар Эрон азсар гирифта мешавад

Аввалин парвоз ҳамин ҳафта ва аз сӯйи ширкати “Вориш” сурат мегирад.

Кадом маҳсулот дар Тоҷикистон аз оғози сол гарон шуд?

Масалан, нархҳо ба хидматрасонии пулакӣ ба андозаи 3,4% боло рафтанд.

Содироти картошка аз Қазоқистон ба Тоҷикистон беш аз 250 баробар афзудааст

Чунин болоравии босуръат ба бекор гардидани манъи муваққатӣ ба содирот дар Қазоқистон марбут аст.

Интиқоли нафту гази Ӯзбекистон ба Тоҷикистон. Масъулини ду кишвар чӣ хулоса карданд?

Ҷонибҳо дурнамои густариши ҳамкории энергетикии дар соли 2012 қатъшударо баррасӣ мекунанд.

Суханшиносе, ки иқтисоддону дипломати муваффақ шуд. Масири 65-солаи Маҳмадамин Маҳмадаминов

Ӯ аз аввалин вазирони тоҷик буд, ки бо чанд забон сӯҳбат мекард ва ҳамеша худро аҳли қалам мешуморид.

Дар се моҳи соли равон воридоти шакар ба Тоҷикистон кам шудааст

Дар ин давра ба Тоҷикистон зиёда аз 24 ҳазор тонна ин навъи маҳсулот ворид шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 72

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Доналд Трамп муҳлати оташбаси Амрико бо Эронро дароз кард. Теҳрон ҳоло расман вокуниш накардааст

Раисҷумҳури Амрико гуфт, бо дархости Покистон оташбасро тамдид кард, вале Эрон мегӯд, дар ин бора дархосте накардааст.