Захмӣ шудани 2 қочоқбари афғон дар марз

Марзбонони тоҷик аз кӯшиши навбатии убури ғайриқонунии марз ва қочоқи маводи мухаддир ба ҷумҳурӣ тариқи дидбонгоҳҳои сарҳадии «Панҷ» ва «Шӯрообод» ҷилавгирӣ намуданд. Тавре сардори Сарраёсати Қушӯнҳои сарҳадии КДАМ Тоҷикистон Муҳаммад Улуғхоҷаев иттилоъ дод, як гурӯҳи номаълуми иборат аз 8 нафар қочоқбарон зимни убури ғайриқонунии қитъаи сарҳади давлатӣ ба марзбонон дучор мешаванд. «Марзшиканон ба талаботи сарҳадбонон […]

ASIA-Plus



Марзбонони тоҷик аз кӯшиши навбатии убури ғайриқонунии марз ва қочоқи маводи мухаддир ба ҷумҳурӣ тариқи дидбонгоҳҳои сарҳадии «Панҷ» ва «Шӯрообод» ҷилавгирӣ намуданд.

Тавре сардори Сарраёсати Қушӯнҳои сарҳадии КДАМ Тоҷикистон Муҳаммад Улуғхоҷаев иттилоъ дод, як гурӯҳи номаълуми иборат аз 8 нафар қочоқбарон зимни убури ғайриқонунии қитъаи сарҳади давлатӣ ба марзбонон дучор мешаванд.

«Марзшиканон ба талаботи сарҳадбонон риоя накарда, миёни онҳо задухӯрди мусаллаҳона сурат мегирад, ки дар натиҷа 2 тан аз қочоқбарон захмӣ ва боқимонда бо истифода аз торикии шаб дар қаламрави кишвари ҳамсоя паноҳ мебаранд», – гуфт манбаъ.

Зимнан зикр гардид, ки дар ҷойи ҳодиса беш аз 14 кило маводи мухаддири ҳашиш, тақрибан 40 кило бангдона, 2 адад автомати АКС-74 бо тирдонҳояшон ва беш аз 50 дона тирҳои ҷангӣ дарёфт шуда, айни замон мақомоти тафтишоти Раёсати КДАМ дар вилояти Хатлон ба таҳқиқи ин ҳодиса машғул аст.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.