Ифтитоҳи беморхона дар деҳаи Тавилдараи ноҳияи Ҷайҳун

Сафири ИМА дар Тоҷикистон Элизабет Миллард ва раиси ноҳияи Ҷайҳун Файзулло Аминзода дар маросими ифтитоҳи расмии беморхона дар деҳаи Тавилдараи ноҳияи Ҷайҳуни вилояти Хатлон ширкат намуданд. Беморхонаи деҳаи Тавилдара, ки сохтмонаш соли 2015 шурӯъ шудааст, лоиҳаи Гурӯҳи робита бо маъмурияти шаҳрвандӣ ва аҳолии назди Сафорати ИМА буда, мақсад аз он ироаи хидматрасонии тиббӣ ба тақрибан […]



Сафири ИМА дар Тоҷикистон Элизабет Миллард ва раиси ноҳияи Ҷайҳун Файзулло Аминзода дар маросими ифтитоҳи расмии беморхона дар деҳаи Тавилдараи ноҳияи Ҷайҳуни вилояти Хатлон ширкат намуданд.

Беморхонаи деҳаи Тавилдара, ки сохтмонаш соли 2015 шурӯъ шудааст, лоиҳаи Гурӯҳи робита бо маъмурияти шаҳрвандӣ ва аҳолии назди Сафорати ИМА буда, мақсад аз он ироаи хидматрасонии тиббӣ ба тақрибан 1200 сокини ин русто мебошад, ки аксарашон аз ноҳияи Тавилдара баъд аз зилзилаи соли 2012 ба ин минтақа кӯчонида шудаанд. Беморхонаи мазкур ягона муассисае мебошад, ки ба мардуми ин маҳал хизмати тиббӣ мерасонад. Қабл аз бунёди ин иншооти нав сокинони деҳа маҷбур буданд қариб ним соат вақт барои расидан ба наздиктарин беморхонаи воқеъ дар шаҳраки Дустӣ сарф кунанд.

Зарурати беҳтар сохтани дастрасӣ ба хизматрасонии тиббӣ барои сокинони деҳоти ноҳияи Ҷайҳун дар натиҷаи омӯзиши эҳтиёҷоти онҳо аз ҷониби кормандони Гурӯҳи робита бо маъмурияти шаҳрвандӣ ва аҳолии назди Сафорати ИМА бо дастгирии намояндагони ҳокимияти маҳаллӣ ва намояндагони гурӯҳи рушди ноҳия ба вуҷуд омад. Омӯзиши эҳтиёҷот тавассути мулоқот ва таҳқиқу сафарҳо аз ҷониби кормандони Сафорати ИМА ва намояндагони ҳокимияти маҳаллӣ гузаронда шуд.

Имсол ба ҳамкории байни ҳукуматҳои Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ва Тоҷикистон 25 сол пур мешавад. Бунёди беморхонаи деҳаи Тавилдара танҳо яке аз лоиҳаҳои сершумор дар раванди ҳамкориҳои Ҳукумати ИМА бо мақомоти ҳокимияти маҳаллӣ баҳри баланд бардоштани сатҳи зиндагӣ ва маърифати мардуми ноҳияи Ҷайҳун мебошад. Беморхонаи мазкур намунаи воқеии тасмиму тарафдории Ҳукумати ИМА ҷиҳати расонидани кӯмаку дастгирӣ ба аҳолии осебпазири деҳоти Тоҷикистон аст.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Даҳҳо дарахт шикаста, хонаҳо зарар диданд. Хисороти офати табиии ду рӯзи гузашта дар Тоҷикистон

Дар натиҷаи омадани сел як мошинро дарёи Кофарниҳон бурдааст ва 5 мошини дигар зери лой мондаанд.

Омӯзиши хати форсӣ дар Тоҷикистон. Эмомалӣ Раҳмон ба ҳукумат дастур дод, ки сифати таълими алифбои ниёгон беҳтар карда шавад

Ӯ гуфтааст, ин кор "дар доираи омӯзиш ва тарғибу ташвиқи таъриху фарҳанги ориёӣ" анҷом шавад.

Қироншоҳ Шарифзода: “Азия-Плюс” намунаи миллатдӯстӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлатдорӣ аст!

Ин муҳаққиқи шинохта ба он назар аст, ки бо ташкили бахши тоҷикӣ нуфузи “Азия-Плюс” дучанд шуд.

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.