«Спитамен Бонк» ба барномаи беҳбуди саводнокии молиявӣ ҳамроҳ шуд

“Спитамен Бонк” ба барномаи баланд бардоштани саводнокии молиявӣ дар Тоҷикистон ба таври расмӣ ҳамроҳ гардид. Барномаи мазкур аз тарафи Корпоратсияи байналмиллалии молиявӣ ба роҳ монда шуда, бо дастгирии ҳукумати Швейтсария (SECO) ва бо шарикии институтҳои молиявӣ амалӣ мегардад. Созишнома аввали июни соли 2016 ба имзо расид. “Ин барномаи хеле зарур ва муҳимест, ки барои баланд […]

Иттилоияи расмӣ



“Спитамен Бонк” ба барномаи баланд бардоштани саводнокии молиявӣ дар Тоҷикистон ба таври расмӣ ҳамроҳ гардид. Барномаи мазкур аз тарафи Корпоратсияи байналмиллалии молиявӣ ба роҳ монда шуда, бо дастгирии ҳукумати Швейтсария (SECO) ва бо шарикии институтҳои молиявӣ амалӣ мегардад.

Созишнома аввали июни соли 2016 ба имзо расид. “Ин барномаи хеле зарур ва муҳимест, ки барои баланд бардоштани сатҳи саводнокии молиявии аҳолӣ мусоидат карда, сабаби баландшавии некӯаҳволии онҳо, ташаккулёбии маҳсулоту хизматрасониҳои ташкилотҳои молиявӣ мешавад ва ба қадри имкон, ба рушди иқтисодиёти мамлакат имдод мекунад”, –  гуфт Раиси Раёсати “Спитамен Бонк”, Ниёзмурод Саидмуродов.

Дар чаҳорчӯбаи созишнома “Спитамен Бонк” чорабиниҳои гуногун, ки барои баландбардории сатҳи саводнокии молиявии аҳолӣ равона мешаванд, хоҳад гузаронид.

Созишномаи мазкур яке аз қисмҳои барномаи умумии “Спитамен Бонк” доир ба баландбардории сатҳи саводнокии молиявии аҳолӣ буда, аз баҳори соли 2016 амал мекунад ва се самти асосиро дар бар мегирад:

1.         Баландбардории саводнокии молиявии аҳолии баркамол.

2.         Баландбардории саводнокии молиявии донишҷуён.

3.         Баландбардории саводнокии молиявии талабагони синфҳои боло.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.