Тасдиқи созишномаи содироти бидуни боҷи сӯзишворӣ миёни Русия ва Тоҷикистон

Думаи давлатии Русия созишномаи байниҳукуматӣ миёни Русия ва Тоҷикистон дар бораи ҳамкорӣ дар бахши таҳвили маҳсулоти нафтиро тасдиқ кард. Бино ба иттилои хабаргузории ТАСС бо истинод ба муовини вазири энергетикаи Русия Юрий Сентюрин, созишнома моҳи феврали соли 2013 ба имзо расида, он ба таҳким ва рушди минбаъдаи робитаҳои ҳамгирройӣ миёни кишварҳо равона шудааст. «Дар созишнома […]

ASIA-Plus



Думаи давлатии Русия созишномаи байниҳукуматӣ миёни Русия ва Тоҷикистон дар бораи ҳамкорӣ дар бахши таҳвили маҳсулоти нафтиро тасдиқ кард.

Бино ба иттилои хабаргузории ТАСС бо истинод ба муовини вазири энергетикаи Русия Юрий Сентюрин, созишнома моҳи феврали соли 2013 ба имзо расида, он ба таҳким ва рушди минбаъдаи робитаҳои ҳамгирройӣ миёни кишварҳо равона шудааст.

«Дар созишнома роҳандозии интиқоли маҳсулоти нафтӣ аз Русия ба Тоҷикистон бидуни пардохти боҷи содиротӣ дар ҳаҷми зарурӣ барои истеъмоли дохилии ин кишвар пешбинӣ шудааст. Тақрибан дар ҳаҷми то 1 млн. тонна», – гуфтааст Сентюрин зимни суханронӣ дар Думаи давлатӣ.

Ӯ изҳор кардааст, ки созишнома аз 12 ноябри соли 2013 муваққатан мавриди истифода қарор дошта, тибқи маълумоти Хадамоти федералии гумрук, дар давраи истифодаи муваққатии он ҳаҷми интиқоли маҳсулоти нафтӣ аз 200 то 600 ҳазор тоннаро ташкил медодааст.

Ғайр аз ин, муқаррароти созишнома маҳсулоти нафтии бидуни боҷи содиротӣ аз Русия ба Тоҷикистон воридшударо барои интиқол додан ба кишварҳои дигар манъ карда, ба ҷониби Русия ҳуқуқ медиҳад, ки дар сурати ошкор шудани риоя накардани ин муқаррарот, содиротро мутаваққиф намояд.

Ҳамчунин дар созишнома дахлнопазирии моликияти субъектҳои хоҷагидори ҳарду кишвар, ки ба кори содироти маҳсулоти нафтии бидуни содирот ҷалб шудаанд, кафолат дода мешавад. «Дар созишнома ҳимояи комилу бечуну чарои ҳуқуқӣ ва нораво будани мусодираи маҷбурии моликияти субъектҳои хоҷагидори зикршуда пешбинӣ шудааст», – таъкид доштааст Сентюрин.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.