Тоҷикистон аз фонд таҳти сарпарастии Русия 40 млн. $ қарз мегирад

Раиси Бонки авруосиёии рушд Дмитрий Панкин ба нашрияи «Известия» изҳор доштааст , ки барои Тоҷикистон ҷудо гардидани 40 млн. доллари ИМА қарз аз Фонди авруосиёии субот ва рушд (қаблан Фонди зиддибуҳронии ЕврАзЭС) маъқул шуморида шуд. Коршиносон аз эҳтимол дур намедонанд, ки дар партави тақвияти таъсири Чин ба Тоҷикистон, ин қарз барои раванди ҳамгиройии Тоҷикистон ба […]

ASIA-Plus



Раиси Бонки авруосиёии рушд Дмитрий Панкин ба нашрияи «Известия»


изҳор доштааст


, ки барои Тоҷикистон ҷудо гардидани 40 млн. доллари ИМА қарз аз Фонди авруосиёии субот ва рушд (қаблан Фонди зиддибуҳронии ЕврАзЭС) маъқул шуморида шуд.

Коршиносон аз эҳтимол дур намедонанд, ки дар партави тақвияти таъсири Чин ба Тоҷикистон, ин қарз барои раванди ҳамгиройии Тоҷикистон ба Иттиҳоди иқтисодии авруосиёӣ (ЕАЭС) далелу ваҷҳи муҳим шуда метавонад.

Нашрия менависад, ҷудо гардидани қарз дар ду қисмат бо 20 млн. пешбинӣ шуда, аллакай ояндаи наздик Тоҷикистон қисмати аввалро дастрас карда метавонад.

Қобили зикр аст, ки айни замон Чин яке аз шарикони асосии Тоҷикистон маҳсуб ёфта, сол то сол таъсираш ба ин кишвар меафзояд. Соли гузашта қариб 60%-и сармоягузориҳои мустақим ба Чин рост омада, ҳиссаи Русия ҳамагӣ ҳудуди 8% (35 млн. доллари ИМА)-ро ташкил дод.

Муовини директори Маркази тадқиқоти стратегии назди президенти Тоҷикистон Сайфулло Сафаров бар ин назар аст, ки ҷудо гардидани қарз барои суботи низоми молиявӣ яқинан ташаббуси Русия ва маҳз дар доираи раванди ҳамгиройӣ аст.

«Маскав хостори ҳарчи зудтар узви нави Иттиҳоди иқтисодии авруосиёӣ (ЕАЭС) шудани Тоҷикистон буда, ба ҳар гунае ҷудо шудани 40 млн. доллари ИМА қарз иқдоми мусбат аст. Дар Душанбе ин иқдомро арҷгузорӣ мекунанд ва дар маҷмӯъ ба андешаи пайвастан ба Иттиҳоди иқтисодии авруосиёӣ (ЕАЭС) дар Тоҷикистон назари мусбат вуҷуд дорад, – иброз доштааст андешаи худро Сайфулло Сафаров.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Зайнулобиддин Кобуливу Шокирҷон Ҳакимов то даргузашти Ғуломҳайдар Ғуломалиев ва Рӯзи гули бойчечак

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.