Ҷинояткорони дар хориҷи кишвар паноҳбурдаро ғоибона суд мекунанд

Палатаи поёнии парлумон имрӯз тағйироти аз ҷониби ҳукумат пешниҳодшуда ба Кодекси мурофиавии ҷиноятиро дастгирӣ кард, ки онҳо ба таҷрибаи дар Тоҷикистон истифода кардан аз содир шудани ҳукмҳои ғоибона нисбати ҷинояткорони махсусан вазнин, ки дар хориҷи кишвар қарор доранд, дахл дорад. Зимни суханронӣ назди вакилон доир ба ин масъала прокурори генералии ҷумҳурӣ Юсуф Раҳмон изҳор намуд, […]



Палатаи поёнии парлумон имрӯз тағйироти аз ҷониби ҳукумат пешниҳодшуда ба Кодекси мурофиавии ҷиноятиро дастгирӣ кард, ки онҳо ба таҷрибаи дар Тоҷикистон истифода кардан аз содир шудани ҳукмҳои ғоибона нисбати ҷинояткорони махсусан вазнин, ки дар хориҷи кишвар қарор доранд, дахл дорад.

Зимни суханронӣ назди вакилон доир ба ин масъала прокурори генералии ҷумҳурӣ Юсуф Раҳмон изҳор намуд, ки то имрӯз ихтилофҳои дар қонунгузорӣ ҷойдошта ба содир кардани ҳукми ғоибона нисбати шахсоне, ки дар содир намудани ҷиноятҳои вазнин ва махсусан вазнин айбдор дониста шуда, дар хориҷи кишвар паноҳ бурдаанд, имкон намедоданд. «Баъди қабули тағйирот, бидуни иштироки гумонбаршудагон баргузор кардани мурофиаҳои судӣ ва содир намудани ҳукми ғоибона нисбати онҳо имконпазир мегардад», – гуфт прокурори генералӣ.

Ба гуфтаи ӯ, агар пас аз содир шудани ҳукми ғоибона шахси айбдоршаванда ба Тоҷикистон баргардад, мақомоти судӣ уҳдадоранд, ки аз нав парвандаро бо иштироки ӯ бозбинӣ кунанд.

Зимнан зикр гардид, ки чунин таҷриба дар Русия, Қазоқистон ва як қатор кишварҳои дигари ҷаҳон амал мекунад. «Дар сурати дар толори суд ҳузур надоштани айбдоршаванда ё гумонбаршуда, судяҳо адвокати ӯро таъин намуда, маблағи хизматгузории ӯ аз ҳисоби буҷетҳои маҳаллӣ пардохт мешавад», – таъкид дошт Юсуф Раҳмон.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Даҳҳо дарахт шикаста, хонаҳо зарар диданд. Хисороти офати табиии ду рӯзи гузашта дар Тоҷикистон

Дар натиҷаи омадани сел як мошинро дарёи Кофарниҳон бурдааст ва 5 мошини дигар зери лой мондаанд.

Омӯзиши хати форсӣ дар Тоҷикистон. Эмомалӣ Раҳмон ба ҳукумат дастур дод, ки сифати таълими алифбои ниёгон беҳтар карда шавад

Ӯ гуфтааст, ин кор "дар доираи омӯзиш ва тарғибу ташвиқи таъриху фарҳанги ориёӣ" анҷом шавад.

Қироншоҳ Шарифзода: “Азия-Плюс” намунаи миллатдӯстӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлатдорӣ аст!

Ин муҳаққиқи шинохта ба он назар аст, ки бо ташкили бахши тоҷикӣ нуфузи “Азия-Плюс” дучанд шуд.

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.