Имрӯз парвози ҳавопаймоҳо аз пойтахти Тоҷикистон ба шаҳри Истанбули Туркия, ки чанде қабл дар фурудгоҳи он амали террористӣ содир шуд, ба нақша гирифта нашудааст.
Дар робита ба амали террористии шоми рӯзи 28 июн, фаъолияти фурудгоҳи шаҳри Истанбул қатъ шуда, аз дубора барқарор шудани кори он имрӯз интизорӣ меравад. Имрӯз аксари ширкатҳои ҳавопаймоӣ парвози ҳавопаймоҳои худ ба Истанбулро ба таъхир гузоштанд.
Намояндаи ширкати ҳавопаймоии Turkish Airlines, ки бо хатсайри Душанбе – Истанбул дар як ҳафта се парвоз анҷом медиҳад, ба «Азия-Плюс» хабар дод, ки парвози наздиктарини ҳавопаймои ширкат аз Истамбул ба Душанбе пагоҳ, 30 июн соати 5-и субҳ дар назар аст. Ӯ гуфт, доир ба тағйирот дар вақти парвози ҳавопаймоҳо саривақт маълумот пахш хоҳад шуд.
Дар ҳамин ҳол, дар ҷадвали парвози ҳавопаймоҳои ширкати тоҷикистонии «Сомон Эйр» ба шаҳри Исиамбул низ тағйироте сурат нагирифтааст. «Айни замон дар ҷадвали парвозҳо тариқи хатсайри Душанбе – Истанбул – Душанбе ҳеҷ тағйироте ворид нашудааст», – гуфт ба «Азия-Плюс» котиби матбуотии ширкат Тимур Бандишоев.
Номбурда хотиррасон намуд, ки айни замон ширкати «Сомон Эйр» бо хатсайри Душанбе – Истанбул – Душанбе дар як ҳафта рӯзҳои сешанбе, ҷумъа ва якшанбе се парвоз анҷом дода, парвози наздиктарин рӯзи ҷумъа, 1 июл ба нақша гирифта шудааст.
Ёдрас мекунем, ки шоми рӯзи сешанбе дар қисматҳои пешвози хатсайрҳои байнулмилалӣ ва дохилии фурудгоҳи ба номи Отатурк дар шаҳри Истанбул
таркишҳо ба вуқӯъ пайваста
, ба талафоти зиёди ҷонӣ боис шуданд.
Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ
изҳор намуд
, ки миёни осебдидагон дар амалҳои террористӣ дар фурудгоҳи ба номи Отатурки шаҳри Истанбули Туркия шаҳрвандони Тоҷикистон ҳузур надоранд.





