Фурудгоҳи Истанбул ба фаъолияти муқаррарӣ бозгашт



Фурудгоҳи ба номи Отатурки шаҳри Истамбул, ки чанде қабл дар ин ҷо амали террористӣ содир шуд, ба реҷаи фаъолияти муқаррарӣ бозгашт.

Хабаргузории INTERFAX дар ин робита менависад, осори таркишҳо ҳанӯз ҳам ба мушоҳида расида, дар ҷойи ҳодиса муфаттишон машғули коранд ва пайи муайян кардани шахсияти террористон ва бо кадом роҳу восита ба қаламрави кишвар ворид шуданашон таҳқиқ мегузаронанд.

Айни замон маълум аст, ки терроистон ба фурудгоҳ бо такси омада, дарҳол замони аз автомашина берун омадан аз силоҳ оташ кушодаанд. Дар қаламрави фурудгоҳ ва дохили шаҳр ба тадбирҳои амниятӣ тақвият бахшида шудааст.

Ёдрас мекунем, ки шоми рӯзи сешанбе дар қисматҳои пешвози хатсайрҳои байнулмилалӣ ва дохилии фурудгоҳи ба номи Отатурк дар шаҳри Истанбул

таркишҳо ба вуқӯъ пайваста

, ба талафоти зиёди ҷонӣ боис шуданд.

Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ 

изҳор намуд

, ки миёни осебдидагон дар амалҳои террористӣ дар фурудгоҳи ба номи Отатурки шаҳри Истанбули Туркия шаҳрвандони Тоҷикистон ҳузур надоранд.

Ҳамчунин

иттилоъ дода будем

, ки имрӯз аксари ширкатҳои ҳавопаймоӣ парвози ҳавопаймоҳои худ ба Истанбулро ба таъхир гузоштанд.

spot_imgspot_img

Популярное