Milliyet: Амали террористӣ дар Истанбул кори дасти зодагони Тоҷикистон аст


Амали террористӣ дар фурудгоҳи ба номи Отатурки шаҳри Истанбул кори дасти зодагони Тоҷикистон аст. Дар ин бора бо чопи аксҳои 3 нафар террорисони маргталаб нашрияи туркии


Milliyet


хабар медиҳад.

Аммо дар бораи шахсияти террористон ва мансубияти онҳо ба кадом як гурӯҳи тундгаро алҳол маълумот дода нашудааст.

ИЗОБРАЖЕНИЕ

Дар Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ доданд, ки алҳол тасдиқи расмии ин маълумот вуҷуд надорад. «Мо дар ин самт фаъолият дорем, дипломатҳои мо ҳатман бо раҳбарияти ин нашрия вомехӯранд, то ки муайян созанд, ки онҳо бо кадом далелу ваҷҳҳо фарзияи даст доштани шаҳрвандони Тоҷикистон дар амалҳои террористӣ дар Истанбулро пешниҳод кардаанд», – гуфтанд дар вазорат.

Дар ҳамин ҳол, Вести

иттилоъ медиҳад

, ки шахсияти яке аз маргталабон дар фурудгоҳ ошкор шудааст. Нашрияи дигари туркии «Хабер Тюрк» акси яке аз маргталабон дар фурудгоҳи Истанбулро аз камераҳои мушоҳидаи видеоӣ ба чоп расонидааст. ВАО-и маҳаллӣ аз ӯ Муслим Сарийяр, шаҳрванди Туркия ном мебаранд.

ИЗОБРАЖЕНИЕ

Қобили зикр аст, ки бар асари амали террористии шоми 28 июн дар фурудгоҳи Истанбул 42 нафар ҳалок ва 239 нафар ҷароҳат бардоштанд.

Тибқи маълуомти пешакӣ, ин амали террористӣ аз ҷониби гурӯҳи ифротгарои «Давлати исломӣ» содир шудааст. 

spot_imgspot_img

Популярное