Насби ҳатмии терминалҳои электронӣ дар марказҳои савдову хизматрасонӣ

Аз оғози соли оянда барои дар марказҳои савдову хизматрасонӣ мавҷуд набудани терминалҳои электронӣ ҷарима пешбинӣ шудааст. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ), ҷиҳати иҷрои Қарори зикргардида Вазорати адлия ва Кумитаи андоз лоиҳаи тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии ҶТ-ро таҳия намуданд, ки тибқи он барои саркашӣ намудан аз насби терминалҳои электронӣ ва […]

ASIA-Plus



Аз оғози соли оянда барои дар марказҳои савдову хизматрасонӣ мавҷуд набудани терминалҳои электронӣ ҷарима пешбинӣ шудааст.

Бино ба

иттилои

хадамоти матбуоти Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ), ҷиҳати иҷрои Қарори зикргардида Вазорати адлия ва Кумитаи андоз лоиҳаи тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии ҶТ-ро таҳия намуданд, ки тибқи он барои саркашӣ намудан аз насби терминалҳои электронӣ ва рад кардани истифодабарии кортҳои пардохтии бонкӣ ҳангоми ҳисоббаробаркуниҳо нисбат ба муассисаҳои савдою хизматрасонӣ муҷозот муқаррар гардидааст.

Аз ҷумла қайд мешавад, ки барои саркашӣ намудан аз насби терминалҳои электронӣ ё рад кардани истифодабарии кортҳои пардохтии бонкӣ дар ҳисоббаробаркуниҳо, ба шахсони мансабдор ба андозаи аз сад то яксаду шаст, ба соҳибкорони инфиродие, ки дар асоси шаҳодатнома фаъолият менамоянд, аз яксаду шаст то яксаду ҳаштод ва ба шахсони ҳуқуқӣ аз яксаду ҳаштод то дусад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъйин карда мешавад.

Гуфта мешавад, айни ҳол дар ҷумҳурӣ омодасозии инфрасохтор барои хизматрасонии дорандагони кортҳои пардохтӣ дар ҷараёни афзуншавӣ қарор дорад. Ба санаи 1 июни соли 2016 шумораи дастгоҳҳо (терминалҳои электронӣ), ки барои пардохт дар нуқтаҳои савдо ва хизматрасониҳо истифода мешаванд, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 26,7% зиёд шуда, миқдори умумии онҳо ба 631 адад расидааст.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Ду ҷудокори тоҷик дар садри радабандии ҷаҳонӣ қарор гирифтанд

Мавқеи паҳлавонони дигари тоҷик дар радабандии ҷаҳонии ҷудо.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 8 майи соли 2026

Аз таъсиси Конфедератсияи футболи Осиё то Рӯзи ҷаҳонии Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар.

Раъду барқ дар кӯҳҳо. Чӣ гуна сайругашти маъмулии се хонанда аз шаҳри Турсунзода бо фоҷеа анҷомид?

"Азия-Плюс" ба хонаи қурбониёни ин фоҷеа рафт ва бо наздикони онҳо суҳбат кард.

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст