Президенти Арманистон С.Асловро ба ҳузур пазируфт

Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Аслов имрӯз дар кори ҷаласаи Шӯрои вазирони корҳои хориҷии кишварҳои узви СААД дар шаҳри Ереван иштирок мекунад. Бино ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии ҶТ, дар чаҳорчӯби ин сафар, ки рӯзи 2 июл сурат гирифта буд, мулоқоти ӯ бо Президенти Ҷумҳурии Арманистон Серж Саргсян ва вазири  корҳои хориҷии ин кишвар Эдвард […]

ASIA-Plus



Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Аслов имрӯз дар кори ҷаласаи Шӯрои вазирони корҳои хориҷии кишварҳои узви СААД дар шаҳри Ереван иштирок мекунад.

Бино ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии ҶТ, дар чаҳорчӯби ин сафар, ки рӯзи 2 июл сурат гирифта буд, мулоқоти ӯ бо Президенти Ҷумҳурии Арманистон Серж Саргсян ва вазири  корҳои хориҷии ин кишвар Эдвард Налбандян доир гардид.

Гуфта мешавад, дар рафти мулоқот, ҷонибҳо доираи васеъи ҳамкориҳои дуҷонибаро мавриди муҳокима қарор дода, доир ба масъалаҳои мубрами минтақавӣ ва байналмилалӣ, инчунин ҳамкорӣ дар чаҳорчӯбаи созмонҳои байналмиллалӣ мубодилаи афкор намуданд.

Ҷонибҳо оид ба тасмимгирӣ ҷиҳати рушди минбаъдаи робитаҳои сиёсии дуҷониба, равобити байнипарламентӣ, инчунин тавсеаи ҳамкориҳо оид ба доираи васеи муносибатҳои мутақобилаи иқтисодӣ ва гуманитарӣ  ибрози назар карданд.

Қобили зикр аст, ки дар ҷаласаи мазкур, ки 

таҳти раёсати вазири корҳои хориҷии Арманистон Эвард Налбандян доир мегардад, 

масоили муҳими таъмини амнияти минтақавӣ ва байнулмилалӣ, тамоили рушди вазъ дар Афғонистон, Сурия ва дигар минтақаҳои низоъҳои мусаллаҳона, ҳамкории мутақобилаи кишварҳои узви Созмон дар арсаи байнулмилалӣ дар шароити вазъи мавҷуда дар ҷаҳон баррасӣ мешаванд.

Ҳамчунин вазирони корҳои хориҷии кишварҳои узви СААД лоиҳаи Стратегияи амнияти дастаҷамъии СААД дар давраи то соли 2025 ва ҷанбаҳои сиёсати хориҷии муқовимат ба терроризм ва ифротгароии байнулмилалиро низ мавриди баррасӣ қарор медиҳанд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.

Ду ҷудокори тоҷик дар садри радабандии ҷаҳонӣ қарор гирифтанд

Мавқеи паҳлавонони дигари тоҷик дар радабандии ҷаҳонии ҷудо.