Раҳоии домоди Мулло Абдураҳим аз боздоштгоҳ

Домоди яке аз собиқ фармондеҳони саҳроии Иттиҳоди нерӯҳои мухолифини тоҷик Мулло Абдураҳим (Абдураҳим Каримов) аз боздоштгоҳ раҳо шуд. Ёдрас мекунем, ки Мирзоназар Фозилов, шавҳари духтари Мулло Абдураҳимро моҳи майи соли ҷорӣ кормандони Кумитаи давлатии амнияти миллӣ дар хонаааш боздошт карда буданд. Худи Абдураҳим Каримов ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки сабаби боздошти домодаш […]



Домоди яке аз собиқ фармондеҳони саҳроии Иттиҳоди нерӯҳои мухолифини тоҷик Мулло Абдураҳим (Абдураҳим Каримов) аз боздоштгоҳ раҳо шуд.

Ёдрас мекунем, ки Мирзоназар Фозилов, шавҳари духтари Мулло Абдураҳимро

моҳи майи соли ҷорӣ

кормандони Кумитаи давлатии амнияти миллӣ дар хонаааш боздошт карда буданд.

Худи Абдураҳим Каримов ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки сабаби боздошти домодаш ба ӯ маълум нест ва раҳоии ӯро ба собит нашудани айбаш мансуб донист.

«То ҳол бо кадом сабаб боздошт шудани Мирзоназар Фозилов маълум нест ва инро айни замон ҳеҷ касе аз аҳли оилаи мо намедонад. Ба мо танҳо маълум аст, ки бинобар сабаби исбот нашудани гуноҳаш, ӯро озод кардаанд», – гуфт Мулло Абдураҳим.

Дар ҳамин ҳол, бино ба иттилои

Радиои Озодӣ

бо такя ба маълумоти манобеъи ғайрирасмӣ, Мирзоназар Фозилов аз ҷониби кормандони Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон ба иттиҳоми узвият дар ҷараёни тозапайдои “Салафия” боздошт шудааст. Фозилов бо раҳбари худхондаи гурӯҳи “Салафия” Муҳаммадии Раҳматуллоҳ, ки дар моҳи феврали соли ҷорӣ боздошт шуда буд, робитаи дӯстӣ доштааст.

Мирзоназар Фозилов тахминан 35-40-сола буда, хатмкардаи Донишкадаи исломии Тоҷикистон, Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва Донишгоҳи байнулмилалии Исломобод (Покистон) аст. Ӯ бо духтари мулло Абдураҳим издивоҷ карда, соҳиби 5 фарзанд мебошанд.

Мулло Абдураҳим (Абдураҳим Каримов), собиқ фармондеҳони саҳроии Иттиҳоди нерӯҳои мухолифини тоҷик пас аз имзои Созишномаи истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ муддате ба Кумитаи гумруки кишвар роҳбарӣ карда, минбаъд дар вазифаи декани факултаи филологияи Шарқи Донишгоҳи исломии Тоҷикистон ба номи Имом Абӯ Ҳанифа ифои вазифа кард ва айни замон дар ин ҷо омӯзгорӣ мекунад.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Даҳҳо дарахт шикаста, хонаҳо зарар диданд. Хисороти офати табиии ду рӯзи гузашта дар Тоҷикистон

Дар натиҷаи омадани сел як мошинро дарёи Кофарниҳон бурдааст ва 5 мошини дигар зери лой мондаанд.

Омӯзиши хати форсӣ дар Тоҷикистон. Эмомалӣ Раҳмон ба ҳукумат дастур дод, ки сифати таълими алифбои ниёгон беҳтар карда шавад

Ӯ гуфтааст, ин кор "дар доираи омӯзиш ва тарғибу ташвиқи таъриху фарҳанги ориёӣ" анҷом шавад.

Қироншоҳ Шарифзода: “Азия-Плюс” намунаи миллатдӯстӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлатдорӣ аст!

Ин муҳаққиқи шинохта ба он назар аст, ки бо ташкили бахши тоҷикӣ нуфузи “Азия-Плюс” дучанд шуд.

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.