Раиси Иттиҳодияи рушди сайёҳии «Зарафшон», узви Палатаи савдо ва саноати вилояти Суғд Ҷамшед Юсуфов дар кори мизи гирд таҳти унвони «Имконоти сайёҳии Русия ва кишварҳои Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё (ИИАО) ва Осиёи Марказӣ», ки санаи 8 июл дар шаҳри Екатеринбурги Русия аз ҷониби Маҳфили коршиносони «Урал – АвруОсиё» созмон дода мешавад, иштирок мекунад.
Дар кори мизи гирд масъалҳои имконоти мавҷудаи Тоҷикистону Арманистон ва вилояти Свердловски Русия дар бахши туризм, вазъи зербинои ин сохторҳо, мушкилоти мавҷуда ва роҳу воситаҳои ҳаллу фасли онҳо ва ҳамчунин масоили иштироку саҳми мақомоти давлатӣ дар рушди сайёҳӣ ва густариши ҳамкориҳо миёни кишварҳои ИИАО, Осиёи Марказӣ ва минтақаҳои Русия дар ин самт баррасӣ мешаванд.
Бино ба маълумоти Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди ҳукумати ҶТ, соли 2015 дар маҷмӯъ беш аз 463,7 ҳазор нафар шаҳрвандони хориҷӣ (413,8 ҳазор нафарашон ба сифати сайёҳ) аз Тоҷикистон боздид намуда, даромади умумӣ аз ин соҳа ба буҷети давлатӣ ҳудуди 207 млн. доллари ИМА-ро ташкил дода буд.
Дар Кумита бар ин назаранд, ки афзоиши ҳамасолаи шумори ташрифи сайёҳони хориҷӣ ба Тоҷикистон ба туфайли сулҳу созиш дар ҷумҳурӣ, беҳбуди сатҳи хизматгузорӣ ба меҳмонон, баланд бардоштани сатҳи огаҳии шаҳрвандони кишварҳои хориҷӣ дар бораи Тоҷикистон ва мероси ғании таърихиву фарҳангии он ба даст омадааст.
Қобили зикр аст, ки нишондиҳандаи аз ҳама бештари ташрифи шумори сайёҳони хориҷӣ ба Тоҷикистон соли 2012 ба қайд гирифта шуда буд, ки ин нишондиҳанда ба 224 ҳазор нафар баробар шуда буд.







