Табдили Тоҷикистон ба кишвари мутараққии индустриалӣ-аграрӣ то соли 2030

Ҳукумати Тоҷикистон ният дорад, ки давоми даҳсолаҳои наздик кишварро ба давлати мутараққии индустриалӣ-аграрӣ табдил диҳад. Фарида Муъминова, муовини директори Маркази тадқиқоти стратегӣ (МТС)-и назди президенти ҶТ зимни нишасти хабарии имрӯза дар ин робита изҳор намуд, ки Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ дар ҳамдастӣ бо мутахассисони Марказ Стратегияи рушди Тоҷикистон дар давраи то соли 2030-ро […]

ASIA-Plus



Ҳукумати Тоҷикистон ният дорад, ки давоми даҳсолаҳои наздик кишварро ба давлати мутараққии индустриалӣ-аграрӣ табдил диҳад.

Фарида Муъминова, муовини директори Маркази тадқиқоти стратегӣ (МТС)-и назди президенти ҶТ зимни нишасти хабарии имрӯза дар ин робита изҳор намуд, ки Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ дар ҳамдастӣ бо мутахассисони Марказ Стратегияи рушди Тоҷикистон дар давраи то соли 2030-ро таҳия намуда, яке аз вазифаҳои асосӣ дар он гузаштани модели рушди Тоҷикистон аз аграрӣ-индустриалӣ ба индустриалӣ-аграрӣ аст.

Ф.Муъминова таъкид дошт, ки қарори муҳим дар ин самт тағйири таносуби ҳисса миёни бахши кишоварзӣ ва саноат дар маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ мебошад, ки ҳиссаи соҳаи кишоварзӣ сол аз сол дар сатҳи 20-25% қарор дошта, ҳиссаи саноат на бештар аз 12%-ро ташкил медиҳад.

Дар идома номбурда гуфт, мутаносибан вазифа гузошта шудааст, ки дар муқоиса бо соҳаи кишоварзӣ ҳиссаи саноат дар сохтори Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ зиёд карда шавад.

«Мо ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатиро афзуда, ҳамзамон бояд дар назар дошт, ки маҳсулоти истеҳсолшуда бояд талаботи бозори дохилиро қонеъ карда дар бозори хориҷӣ рақобатпазир бошад», – қайд кард ӯ.

Зимнан зикр гардид, ки барои сарбаландона ноил гардидан ба иҷрои ин вазифаҳо густариши ҳарчи бештари ҳамкории давлат ва бахши хусусӣ муҳим аст.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.