Боздошти як зани тоҷик дар Деҳлӣ ба гумони қочоқи тилло

Васоити ахбори умуми Ҳиндустон доир ба боздошти як зани зодаи Тоҷикистон, сокини шаҳри Душанбе ба гумони қочоқи тилло хабар медиҳанд . Ӯ дар фурудгоҳи шаҳри Деҳлӣ бо 2,7 кило тилло боздошт шудааст. «Мусофирзан аз Душанбе тиллоро дар сумкаи дастиаш оварда, он ҳангоми азназаргузаронии бағочи дастӣ дарёфт шуд. Тилло бо вазни 2,7 кило мусодира ва зан […]

ASIA-Plus



Васоити ахбори умуми Ҳиндустон доир ба боздошти як зани зодаи Тоҷикистон, сокини шаҳри Душанбе ба гумони қочоқи тилло


хабар медиҳанд


. Ӯ дар фурудгоҳи шаҳри Деҳлӣ бо 2,7 кило тилло боздошт шудааст.

«Мусофирзан аз Душанбе тиллоро дар сумкаи дастиаш оварда, он ҳангоми азназаргузаронии бағочи дастӣ дарёфт шуд. Тилло бо вазни 2,7 кило мусодира ва зан ба ҳабс гирифта шуда, сафорати Тоҷикистон дар Ҳиндустон аз ин ҳодиса огоҳ карда шуд», – қайд мешавад дар хабарҳои ВАО.

Дар ҳамин ҳол,

Радиои Озодӣ

бо истинод ба сафири Тоҷикистон дар Ҳиндустон Мирзошариф Ҷалолов дар ин робита менависад, Мастура Сафароваи 46-сола, сокини шаҳри Душанбе рӯзи ҷумъа, 15 июл, тавассути ҳавопаймои ширкати ТоҷикЭйр аз Душанбе вориди Деҳлӣ шуд. Кормандони гумруки фурудгоҳи ба номи Индира Гандӣ ҳангоми тафтиши сумкаи дасти ӯ тақрибан ду кило тиллои хомро ошкор ва мусодира карданд.

Сафир ҳамчунин гуфтааст, ҳангоми мусодираи тилло ва таҳияи аснод масъули бахши консулии сафорат Фурқат Саидов дар фурудгоҳ ҳузур доштааст.

Гуфта мешавад, сафири  илова намудааст, ки Мастура Сафарова айни ҳол дар боздоштгоҳ қарор дошта, вале шояд баъд аз як-ду рӯз озод карда шавад, зеро тибқи қонунгузории Ҳиндустон, афроде, ки барои қочоқи миқдори на он қадар бузурги тилло боздошт мешаванд, мавриди муҳокимаи додгоҳӣ қарор намегиранд ва пас аз пардохти ҷарима раҳо мешаванд ва ҳатто ҳақ доранд, ки то рӯзи хатми раводидашон дар кишвар бимонад, лекин тиллои мусодирашуда бо ҳукми додгоҳ моликияти давлат эълон мешавад.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.