Кормандони Агентии назорати маводи нашъаовар (АНМН)-и назди президенти Тоҷикистон дар ҷараёни амалиёти иборат аз се марҳила афроди машғул ба интиқоли маводи мухаддир аз Тоҷикистон ба кишварҳои ҳамсояро дастгир ва беш аз 16 кило маводи нашъаоварро мусодира карданд.
Сардори маркази матбуоти Агентӣ полковник Хушнуд Раҳматуллоев ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки ба гумони даст доштан дар муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир дар посгоҳи Деҳмойи ноҳияи Ҷаббор Расулови вилояти Суғд 3 нафар сокинони шаҳри Истаравшан боздошт ва аз онҳо се бастаи дорои 1 килову 915 грамм маводи мухаддири сахттаъсири героин ва 14 килову 418 грам ҳашиш дарёфт ва мусодира шудааст.
Ба иттилои манбаъ, зимни тафтишои пешакӣ маълум шудааст, ки яке аз боздоштшудагон соли 2007 барои даст доштан дар муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир ба миқдори ниҳоят зиёд маҳкум шуда, вале баъди ба озодӣ баромадан боз ба ҷиноят даст задааст.
Зимнан зикр гардид, ки аз рӯи ин далел парвандаи ҷиноӣ боз шуда, айни замон ҷиҳати муайян кардан ва боздошти дигар афроди дар ин ҷиноят дастдошта тадбирҳои зарурӣ андешида мешаванд.





