Ҳаҷми содироти алюминий аз Тоҷикистон 20% афзуд

Нимсолаи аввали соли ҷорӣ аз Тоҷикистон ба хориҷи кишвар ҳудуди 73,5 ҳазор тонна (нимсолаи аввали соли 2015 – каме бештар аз 61,1 ҳазор тонна) алюминий содирот шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 12,3 ҳазор тонна ё худ 20% зиёдтар аст. Сардори Хадамоти гумруки назди ҳукумати ҶТ Абдуфаттоҳ Ғоиб зимни нишасти хабарии имрӯза дар […]

Пайрав Чоршанбиев



Нимсолаи аввали соли ҷорӣ аз Тоҷикистон ба хориҷи кишвар ҳудуди 73,5 ҳазор тонна (нимсолаи аввали соли 2015 – каме бештар аз 61,1 ҳазор тонна) алюминий содирот шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 12,3 ҳазор тонна ё худ 20% зиёдтар аст.

Сардори Хадамоти гумруки назди ҳукумати ҶТ Абдуфаттоҳ Ғоиб зимни нишасти хабарии имрӯза дар ин робита изҳор намуд, ки харидори асосии алюминии Тоҷикистон дар соли ҷорӣ Туркия дониста мешавад, ки ба ҳиссаи ин кишвар беш аз 70,5% (беш аз 52,3  ҳазор тонна) аз ҳаҷми умумии содирот рост меояд.

Тибқи маълумоти Хадамоти гумрук, дар ин давра ҳамчунин алюминии Тоҷикистон ба Тайван  дар ҳаҷми беш аз 16,5 ҳазор тонна, Эрон – зиёда аз 4,1 ҳазор тонна, ҷазираҳои Вирҷиния – 288,2 тонна, Ӯзбекистон – 133 тонна ва Покистон – наздики 30 тонна интиқол дода шудааст.

Қобили зикр аст, ки соли гузашта Тоҷикистон ба хориҷи кишвар қариб 131 ҳазор тонна алюминий содирот кард, ки дар муқоиса бо нишондиҳандаи соли 2014 ба миқдори 6 ҳазор тонна бештар мебошад.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.