Масъалаи узвияти Тоҷикистон ба ИИАО-ро ҳукумат баррасӣ дорад

Зимни нишасти хабарии имрӯза сардори Хадамоти гумруки назди ҳукумати Тоҷикистон Абдуфаттоҳ Ғоиб ба рӯзноманигорон изҳор намуд, ки дар ҳукумати кишвар масъалаи пайвастани Тоҷикистон ба Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё (ИИАО) мавриди баррасӣ қарор дода шудааст. «Ба ин масъала натанҳо дар васоити ахбори умум, балки дар сохторҳои дахлдори давлатӣ низ таваҷҷуҳи хосса зоҳир мекунанд», – иброз дошт ӯ. […]

Пайрав Чоршанбиев



Зимни нишасти хабарии имрӯза сардори Хадамоти гумруки назди ҳукумати Тоҷикистон Абдуфаттоҳ Ғоиб ба рӯзноманигорон изҳор намуд, ки дар ҳукумати кишвар масъалаи пайвастани Тоҷикистон ба Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё (ИИАО) мавриди баррасӣ қарор дода шудааст.

«Ба ин масъала натанҳо дар васоити ахбори умум, балки дар сохторҳои дахлдори давлатӣ низ таваҷҷуҳи хосса зоҳир мекунанд», – иброз дошт ӯ.

Абдуфаттоҳ Ғоиб қайд кард, ки намояндагони Хадамоти гумрук дар гурӯҳи кории омӯзиши масъалаи мазкур фаъолият карда, ҳамаи маводи зарурӣ, аз ҷумла таҳлили ҳамаҷонибаи масъала таҳия ва ба баррасии ҳукумат пешниҳод шудааст. «Қарори ниҳоиро дар ин хусус ҳукумати кишвар қабул мекунад», – афзуд номбурда.

Қобили зикр аст, ки аввали ҳамин моҳ раиси Кумитаи умури ИДМ, ҳамгиройии авруосиёӣ ва робита бо ҳамватанони Думаи давлатии Русия Леонид Слутский

изҳор дошта буд

, ки ояндаи наздик Тоҷикистон оид ба хоҳиши пайвастан ба  Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё (ИИАО) изҳори назар мекунад.

Аввали моҳи феврали соли равон вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон Неъматулло Ҳикматуллозода зимни нишасти хабарӣ 

изҳор дошта буд

, ки ҷараёни омӯзиши масъалаи узвияти Тоҷикистон ба Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё (ИИАО) то ҳол идома дорад.

Қобили зикр аст, ки кишварҳои Арманистон, Беларус, Қазоқистон ва Русия аъзои ИИАО мебошанд. Санаи 21 майи соли гузашта Қирғизистон ба узвияти он пазируфта шуда, санаи 25 май Ветнам ба минтақаи савдои озод бо кишварҳои ин Иттиҳод ҳамроҳ шуд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.