Раиси «Амонатбонк»: Мо ба пайдо шудани падидаҳои шадиди буҳронӣ роҳ намедиҳем



Раиси Бонки давлатии амонатгузории «Амонатбонк» Руҳулло Ҳакимзода зимни ншасти хабарӣ изҳор намуд, ки бонк дорои кафолати давлатӣ ва фаъолияташ хусусияти иҷтимоӣ дошта, дар муассиса ҷиҳати пешгирии пайдо шудани падидаҳои шадиди буҳронӣ, ки як қатор бонкҳои тиҷоратии кишварро фаро гирифтанд, тадбирҳои саривақтӣ андешида мешаванд.

«Ҳукумати ҷумҳурӣ нақшаи зиддибуҳронӣ барои соли 2016-ро қабул намуда, дар бонки мо комиссияи зиддибуҳронӣ фаъолият дорад ва ҳар ҳафта вазъро мавриди таҳлилу арзёбӣ қарор медиҳад, то ки ба бад шудани вазъ роҳ дода нашавад. Айни замон мо бо эътимоди комил гуфта метавонем, ки бонк пардохтпазир аст», – иброз дошт раиси бонк.

Аз рӯи натиҷаҳои соли 2016 сандуқи қарзии бонк 1,3 млрд. сомониро ташкил додааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 23% зиёд буда, тариқи низомҳои «Амонатбонк» 131,6 млн. доллари ИМА маблағҳо интиқол дода шудаанд.

Ҳаҷми бақияи маблағҳо дар суратҳисобҳои шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ дар нимсолаи аввал 2 млрд. сомониро ташкил додааст, ки нисбат ба аввали сол 11,8% бештар буда, шумори амонатгузорон дар ин давра ба 1 млн. нафар расидааст.

Маблағи фоизҳои пардохтшуда аз рӯи амонатҳо тӯли 6 моҳи соли равон 64,3 млн. сомониро ташкил додааст, ки дар муқоиса бо 6 моҳи соли гузашта 37% бештар буда, шумори дорандагони кортҳои бонкӣ ба зиёда аз 1 млн. нафар расидаааст ва ин миқдор нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 41% зиёдтар мебошад.

«Амонатбонк» ба 634 ҳазор нафар нафақахӯрони мақомоти ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва 21 ҳазор нафар нафақахӯрони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ хизматрасонӣ мекунад, ки барои пардохти нафақаи якмоҳаи онҳо мутаносибан 152 млн. ва 13,5 млн. сомонӣ маблағ зарур аст.

spot_imgspot_img

Популярное