Мусоидати Минск ба омодасозии мутахассисони ҷавобгӯ ба талаботи бозор

ASIA-Plus



Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон Сумангул Тағойзода санаи 20 июли соли 2016 бо ректори Донишкадаи ҷумҳуриявии таҳсилоти касбии Беларус Аркадий Шклаяр  дидору гуфтушунид кард.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти Вазорат, ҳадаф аз баргузории вохӯрӣ муҳокима намудани  масъалаҳои дуҷониба ва табодули таҷриба дар омӯзиш ва таҳияи сиёсат дар самти таҳсилоти ибтидоии касбӣ ва таълими калонсолон буд.

Қайд мешавад, ки донишкадаи мазкур дар миқёси давлатҳо-аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ) донишкадаи заминавӣ  буда,  дар он мутахассисони соҳаи таҳсилоти касбии давлатҳои (ИДМ) ба бозомӯзӣ ва таҷрибаомӯзӣ фаро гирифта мешаванд.

Гуфта мешавад, тарафҳо омодагии хешро ҷиҳати ба роҳ мондани ҳамкорӣ дар самти такмили ихтисоси омӯзгорон, устоҳои таълими истеҳсолӣ ва бозомӯзии роҳбарони муассисаҳои системаи таҳсилоти ибтидоии касбии вазорат, инчунин таҳия намудани нақшаи таълимӣ ва барномаҳо дар асоси талаботи бозори меҳнат, стандартҳои касбӣ ва расонидани кумаки методӣ дар ташкили раванди таълиму тарбия  иброз намуданд.

Материал доступен на этих языках:

Cхожие материалы

spot_imgspot_img

Популярное

Присоединяйтесь к нам в соцсетях!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Последние новости
Свежее

Музди меҳнати миёна дар Тоҷикистон тайи соли ахир ба андозаи 17,3% афзуд

Музди меҳнати номиналии миёнаи моҳона дар Тоҷикистон, ки моҳи январи соли 2026 ҳисоб шудааст, 3114,56 сомонӣ (ҳудуди 325доллар)-ро ташкил медиҳад, ки 17,3% зиёдтар нисбат...

Маҳкумшудагони ҳамла ба толори “Крокус” аз рӯйи ҳукми додгоҳ шикоят кардаанд

Далерҷон Мирзоев, Саидакрам Раҷабализода, Фаридуни Шамсидин ва Муҳаммадсобир Файзов,...

РАСМАН: Иди Рамазон дар кишвар 20-уми март таҷлил мешавад

Имсол моҳи шарифи Рамазон 29 рӯз муайян шуда, иди...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 48

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...