Вазири адлия: Кумитаи Имом Хумайнӣ қонунгузориро риоя накард

– Фаъолияти Кумитаи имдоди Имом Хумайнӣ дар Тоҷикистон бинобар сабаби риоя нашудани қонунҳои ҷумҳурӣ аз ҷониби ин ташкилот муваққатан боздошта шуд, – изҳор дошт зимни нишасти хабарии имрӯза вазири адлияи Тоҷикистон Рустам Шоҳмурод. Ба гуфтаи ӯ, айни замон даъвои Вазорати адлия дар бораи боздошти фаъолияти ин фонди эронӣ аз ҷониби суди ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт […]

Мавзуна Абдуллоева



– Фаъолияти Кумитаи имдоди Имом Хумайнӣ дар Тоҷикистон бинобар сабаби риоя нашудани қонунҳои ҷумҳурӣ аз ҷониби ин ташкилот муваққатан боздошта шуд, – изҳор дошт зимни нишасти хабарии имрӯза вазири адлияи Тоҷикистон Рустам Шоҳмурод.

Ба гуфтаи ӯ, айни замон даъвои Вазорати адлия дар бораи боздошти фаъолияти ин фонди эронӣ аз ҷониби суди ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт мавриди баррасӣ қарор дорад ва то анҷоми мурофиаи судӣ Вазорати адлия тасмим гирифтааст, ки аз шарҳу тавзеҳот доир ба ин масъала худдорӣ варзад.

Вазири адлия гуфт, шарҳу тавзеҳоти ӯ метавонад ҳамчун як гуна фишор болои суд зимни тасмими ниҳоӣ гирифтан аз рӯи ин масъала қабул шавад.

Қаблан зикр гардида буд, ки даъвои барҳам додани намояндагии Кумитаи имдоди Имом Хумайнии Эрон бар асоси моддаҳои 34, 35 ва 37-и қонуни ҶТ «Дар бораи иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ», ки дар он талаботи асосӣ оид ба назорат аз болои фаъолияти ташкилоти ҷамъиятӣ зикр шудааст, ба суди ноҳияи Исмоили Сомонӣ фиристода шудааст.

«Мо чандин маротиба бо талаби бартараф кардани қонуншиканиҳо дар фаъолияташон ба онҳо номаҳои огоҳкунанда фиристодем, вале ҳар дафъа номаҳои мо нодида гирифта шуда, бидуни посух боқӣ монданд», – изҳор карда буд ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз Вазорати адлия. Ӯ аз шарҳи дигар ҷузъиёти ин масъала худдорӣ варзида, ваъда дода буд, ки дар сурати ҳаллу фасл шудани масъала, ба ВАО дар ин бора маълумоти муфассал пешниҳод мегардад.

Дар сафоратхонаи Эрон дар Тоҷикистон низ аз шарҳу тавзеҳот доир ба ин масъала худдорӣ карда, танҳо қайд карданд, ки нусхаи даъваои судӣ ба онҳо низ расида, айни замон онро мавриди омӯзиш қарор додаанд.

Дар маълумоти рӯзи 9 июл нашршудаи хабаргузории «Озодагон»

дар ин робита гуфта мешавад

, Ҳуҷҷатуллоҳ Фағонӣ, сафири Эрон дар Тоҷикистон гуфтааст, фаъолияти Кумитаи имдоди Имом Хумайнӣ, созмони хайриявии Эрон дар Тоҷикистон бо дастури ӯ мутаваққиф шудааст. «Дар шароите, ки мақомоти тоҷик ба фаъолияти Кумита шак овардаанд, моил нест, ки ин созмони хайриявӣ хидматашро идома бидиҳад», – гуфтааст ӯ.

Радиои Озодӣ бо истинод ба матбуоти Эрон, аз ҷумла нашрияи “Tehran Times” рӯзи 10 июл аз қавли Ҳуҷҷатуллоҳ Фағонӣ, сафири кунунии Эрон дар Тоҷикистон

хабар дода буд

, ки  фаъолияти Кумитаи имдоди Имом Хумайнӣ дар Тоҷикистон бо ибтикори худи сафир мутаваққиф шудааст.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Раъду барқ дар кӯҳҳо. Чӣ гуна сайругашти маъмулии се хонанда аз шаҳри Турсунзода бо фоҷеа анҷомид?

"Азия-Плюс" ба хонаи қурбониёни ин фоҷеа рафт ва бо наздикони онҳо суҳбат кард.

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио