Суст шудани фаъолияти корхонаи «Сохтмони манзили дастрас»

Фаъолияти корхонаи воҳиди давлатии «Сохтмони манзили Дастрас», ки аз  ҷониби ҳукумати шаҳри Душанбе ташкил ёфтааст, бо далели набудани саҳмгузорон суст шудааст. Ин нуқтаро 27 июл зимни нишасти хабарии ҷамъбастӣ дар шаҳри Душанбе Расулов Ашурбег, муовини якуми раиси шаҳри Душанбе баён дошт. Расулов зикр кард, ки иқдоми корхонаи «Сохтмони манзили Дастрас», ки бо нархи арзон барои […]

Давлатёри Байдулло



Фаъолияти корхонаи воҳиди давлатии «Сохтмони манзили Дастрас», ки аз  ҷониби ҳукумати шаҳри Душанбе ташкил ёфтааст, бо далели набудани саҳмгузорон суст шудааст.

Ин нуқтаро 27 июл зимни нишасти хабарии ҷамъбастӣ дар шаҳри Душанбе Расулов Ашурбег, муовини якуми раиси шаҳри Душанбе баён дошт.

Расулов зикр кард, ки иқдоми корхонаи «Сохтмони манзили Дастрас», ки бо нархи арзон барои шаҳрнишинон,  дар мадди аввал ба табибон, омӯзгорон ва кормандони мақомоти қудратӣ манзили дастрас месозад,  дар сурати пайдо шудани саҳмгузорон ба фаъолияташ суръат мебахшад.

Ӯ афзуд, ки  танҳо соли ҷорӣ аз ҷониби буҷети шаҳри Душанбе барои идома додани корҳои сохтмонӣ  дар доираи лоиҳаҳои пешниҳодкардаи «Сохтмони манзили дастрас» 7 миллион сомонӣ қарзи бефоиз ҷудо шудааст. Ин маблағҳо барои сохтмони 10 бинои истиқоматии 16-18 ошёна дар ноҳияи Синои пойтахт  равона шудаанд.

Бино ба иттилои Нурулло Наимов, раиси КВД «Сохтмони манзили дастрас», шумори лоиҳаҳои КВД «Сохтмони Манзили дастрас» ба 4 адад, шомили Муҳандис,  Ҳувайдуллоев, Соҳилӣ, Сино расида, то имрӯз ду бинои 9-ошёна дар кӯчаи Ҳувайдуллоев, ду бинои 12-ошёнаи дигар дар кӯчаи Соҳилии ноҳияи Фирдавсӣ,  дар маҷмӯъ иборат аз 232 ҳуҷра мавриди истифода қарор дода шудаанд. Сохтмони ду бинои 9-ошёнаи дигар дар маҳаллаи Муҳандиси ноҳияи Сино анҷом ёфта, бояд аз санҷиши комиссияи назоратӣ гузарад. Сохтмони биноҳо дар ноҳияи Синои пойтахт ҷараён доранд.

«Арзиши як метри муррабаъ дар ин манзилҳои истиқоматӣ мухталиф буда, вобаста ба ошёна аз 1800 сомонӣ то 3400 сомониро ташкил медиҳад», – афзуд номбурда.

 

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Раъду барқ дар кӯҳҳо. Чӣ гуна сайругашти маъмулии се хонанда аз шаҳри Турсунзода бо фоҷеа анҷомид?

"Азия-Плюс" ба хонаи қурбониёни ин фоҷеа рафт ва бо наздикони онҳо суҳбат кард.

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио