Шумори дорандагони кортҳои «Амонатбонк» дар Суғд ба беш аз 304 ҳазор нафар расид

Шумори дорандагони кортҳои пластикии «Амонатбонк» дар вилояти Суғд ба санаи 1 июли соли 2016 ба беш аз 304 ҳазор нафар расид. Аз филиали БДА «Амонатбонк» дар вилояти Суғд ба «Азия-Плюс» иттилоъ доданд, ки имрӯз кормандони корхонаву ташкилотҳои ҳамаи 18 шаҳру навоҳии вилоят музди меҳнаташонро тариқи кортҳои пластикии «Амонатбонк» дастрас мекунанд. «Нафақахӯрони 11 шаҳру навоҳии вилоят, […]

Мавлуда Рофиева



Шумори дорандагони кортҳои пластикии «Амонатбонк» дар вилояти Суғд ба санаи 1 июли соли 2016 ба беш аз 304 ҳазор нафар расид.

Аз филиали БДА «Амонатбонк» дар вилояти Суғд ба «Азия-Плюс» иттилоъ доданд, ки имрӯз кормандони корхонаву ташкилотҳои ҳамаи 18 шаҳру навоҳии вилоят музди меҳнаташонро тариқи кортҳои пластикии «Амонатбонк» дастрас мекунанд.

«Нафақахӯрони 11 шаҳру навоҳии вилоят, ки шуморашон 172 ҳазор нафар ё худ 56,6% аз шумори умумии дорандагони кортҳои «Амонатбонк»-ро ташкил медиҳад, низ нафақаашонро тавассути кортҳои ин бонк мегиранд», – гуфт манбаъ.

Ба иттилои манбаъ, то охири сол роҳандозии пардохти нафақаи бознишастагони ноҳияҳои Бобоҷон Ғафуров, Конибодом ва Ҷаббор Расулов низ бо кортҳои «Амонатбонк» дар назар аст.

Зимнан зикр гардид, ки айни замон дар қаламрави минтақаи шимоли ҷумҳурӣ 44 адад банкоматҳои махсус, 185 адад посттерминалҳо ва 144 адад марказҳои хизматрасонии БДА «Амонатбонк» амал мекунанд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Раъду барқ дар кӯҳҳо. Чӣ гуна сайругашти маъмулии се хонанда аз шаҳри Турсунзода бо фоҷеа анҷомид?

"Азия-Плюс" ба хонаи қурбониёни ин фоҷеа рафт ва бо наздикони онҳо суҳбат кард.

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио