Ифтитоҳи Хонаи савдои Русия дар Тоҷикистон

Русия дар 10 кишвари дунё, аз ҷумла дар Тоҷикистон низ Хонаҳои савдои худро боз карданист. Нашрияи «Известия» бо истинод ба Вазорати рушди иқтисоди Русия дар ин робита менависад , то охири соли равон дар Австрия, Аргентина, Ветнам, Ҳиндустон, Эрон, Қазоқистон, Чин, Тоҷикистон, Фаронса ва Ҷумҳурии Африқои Ҷанубӣ чунин хонаҳои Русия ба фаъолият шурӯъ мекунанд. Дар […]

Пайрав Чоршанбиев



Русия дар 10 кишвари дунё, аз ҷумла дар Тоҷикистон низ Хонаҳои савдои худро боз карданист.

Нашрияи «Известия» бо истинод ба Вазорати рушди иқтисоди Русия дар ин робита

менависад

, то охири соли равон дар Австрия, Аргентина, Ветнам, Ҳиндустон, Эрон, Қазоқистон, Чин, Тоҷикистон, Фаронса ва Ҷумҳурии Африқои Ҷанубӣ чунин хонаҳои Русия ба фаъолият шурӯъ мекунанд.

Дар маълумот қайд мешавад, ки зимни таҳияи Консепсияи таъсиси хонаҳои савдо дар кишварҳои хориҷӣ ба хотири пешбурди содироти маҳсулоти Русия ва бо назардошти манфиатҳои тиҷорати ин кишвар, маҳз ҳамин 10 кишвар интихоб шудаанд.

Қобили зикр аст, ки ин муассисаҳо барои содиркунандагони воқеъӣ ё имконпазири русиягӣ дар бахшҳои ҳамлу нақл, ҷойгиркунии молу маҳсулот, пешниҳоди анборҳои нигаҳдории маҳсулоту биноҳои дафтари корӣ, корҳои ташкили намоишгоҳҳо, баргузории гуфтушунидҳо ва расонидани кумаку машваратҳои ҳуқуқӣ хизматгузориҳо анҷом медиҳанд.

Ҳамчунин мебояд гуфт, сарфи назар аз вазъи рукуд дар иқтисоди Русия, ин кишвар то ҳод шарики асосии тиҷоратии Тоҷикистон боқӣ мемонад.

Тибқи маълумоти Агентии омори назди президенти ҶТ, тӯли 6 моҳи соли ҷорӣ ҳаҷми муомилоти мол миёни Тоҷикистону Русия ҳудуди 508 млн. доллари ИМА-ро ташкил додааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 3,5% зиёдтар аст. Аз ҷумла, дар ин давра ҳаҷми воридоти маҳсулоти Русия ба Тоҷикистон ҳудуди 473 млн. доллари ИМА ва ҳаҷми содироти маҳсулот аз Тоҷикистон ба ин кишвар – каме бештар аз 35 млн. доллари ИМА-ро ташкил медиҳад.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 8 майи соли 2026

Аз таъсиси Конфедератсияи футболи Осиё то Рӯзи ҷаҳонии Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар.

Раъду барқ дар кӯҳҳо. Чӣ гуна сайругашти маъмулии се хонанда аз шаҳри Турсунзода бо фоҷеа анҷомид?

"Азия-Плюс" ба хонаи қурбониёни ин фоҷеа рафт ва бо наздикони онҳо суҳбат кард.

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.