Осеби сел ба роҳу пулҳои ноҳияҳои Ашт ва Рашт

Бар асари боришоти шадид, ки аз нимаи дуюми рӯзи 28 июл оғоз гардид, дар ду ноҳияи Тоҷикистон ҳодисаҳои селфароӣ ба қайд гирифта шуданд. Сардори маркази матбуоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди ҳукумати ҶТ Умеда Юсуфова ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки дар қаламрави деҳоти Қалъанак ва Ялдумичи ноҳияи Рашт як пул […]

ASIA-Plus



Бар асари боришоти шадид, ки аз нимаи дуюми рӯзи 28 июл оғоз гардид, дар ду ноҳияи Тоҷикистон ҳодисаҳои селфароӣ ба қайд гирифта шуданд.

Сардори маркази матбуоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди ҳукумати ҶТ Умеда Юсуфова ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки дар қаламрави деҳоти Қалъанак ва Ялдумичи ноҳияи Рашт як пул комилан зери сел монда, қитъаҳои замину боғоти наздиҳавлигӣ қисман зарар дидаанд. «Ҳамчунин дар километрҳои 1 ва 25-30-уми роҳи мошингарди Ҳоит – Назарайлоқи ноҳияи Рашт роҳро қисман об шустааст», – гуфт ӯ.

Бино ба гуфтаи манбаъ, худи ҳамон рӯз дар натиҷаи боришоти шадид ва омадани сел дар ҷамоатҳои деҳоти Даҳансой ва Понғози ноҳияи Ашт 10-15 киломтер роҳҳои байни деҳот шуста шуда, 2 манзил, 5 автомашина ва 1 бинои чойхона қисман осеб дидаанд. «Хушбахтона, талафоти ҷонӣ ба қайд гирифта нашудааст», – иброз дошт манбаъ.

Зимнан зикр гардид, ки айни замон комиссияҳои ноҳиявӣ оид ба рафъи оқибатҳои офатҳои табиӣ дар маҳалли ҳодисаҳо машғули коранд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 8 майи соли 2026

Аз таъсиси Конфедератсияи футболи Осиё то Рӯзи ҷаҳонии Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар.

Раъду барқ дар кӯҳҳо. Чӣ гуна сайругашти маъмулии се хонанда аз шаҳри Турсунзода бо фоҷеа анҷомид?

"Азия-Плюс" ба хонаи қурбониёни ин фоҷеа рафт ва бо наздикони онҳо суҳбат кард.

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.