Ғарқшавии 6 нафар рӯзҳои истироҳати гузашта

Рӯзҳои истироҳати гузашта дар кӯлу дарё ва обанбору дигар ҷойҳои оббозии кишвар 6 нафар шаҳрандони ҷумҳурӣ, аз ҷумла 2 нафар кӯдакони хурдсол ғарқ шуданд. Бино ба маълумоти дафтари матбуоти ВКД Тоҷикистон, рӯзи 30 июл ҳангоми оббозӣ дар дарёи Вахш 2 нафар мардони 18 ва 13-солаи сокини шаҳри Қӯрғонтеппа ғарқ шуда, ҷасадҳои онҳо то ҳол дарёфт […]

ASIA-Plus



Рӯзҳои истироҳати гузашта дар кӯлу дарё ва обанбору дигар ҷойҳои оббозии кишвар 6 нафар шаҳрандони ҷумҳурӣ, аз ҷумла 2 нафар кӯдакони хурдсол ғарқ шуданд.

Бино ба маълумоти дафтари матбуоти ВКД Тоҷикистон, рӯзи 30 июл ҳангоми оббозӣ дар дарёи Вахш 2 нафар мардони 18 ва 13-солаи сокини шаҳри Қӯрғонтеппа ғарқ шуда, ҷасадҳои онҳо то ҳол дарёфт нашудааст.

Гуфта мешавад, санаи 31 июл ҷавони 24-солаи сокини ноҳияи Ховалинг ҳангоми оббозӣ дар ҳавзи моҳипарварӣ, дар ҳудуди  ҷамоати деҳоти Чимтеппаи ноҳияи Рӯдакӣ аз беэҳтиётиаш ғарқ шуда, ба ҳалокат расидааст.

Ҳамин рӯз ҷавони 21-солаи сокини шаҳри Душанбе, донишҷӯи яке аз донишгоҳҳои олӣ, ҳангоми оббозӣ аз беэҳтиётӣ дар дарёи Вахш, дар ҳудуди деҳаи Лермонтови  ноҳияи Бохтар ғарқ шуда, ба ҳалокат расидааст. Барои дарёфт намудани ҷасади ҷавон чорабиниҳои ҷустуҷӯӣ  идома доранд.

Рӯзи охири ҳафта духтарчаи дусола, сокини деҳаи Маҳмадшои болои ноҳияи Рӯдакӣ ва  писарбачаи 4-солаи сокини ҷамоати деҳоти С.Исоеви ноҳияи Ҷ.Балхӣ аз беназоратии волидайнашон ба ҷӯйбор афтида, ба ҳалокат расидаанд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Раъду барқ дар кӯҳҳо. Чӣ гуна сайругашти маъмулии се хонанда аз шаҳри Турсунзода бо фоҷеа анҷомид?

"Азия-Плюс" ба хонаи қурбониёни ин фоҷеа рафт ва бо наздикони онҳо суҳбат кард.

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио