Дарёфти ҷасадҳои ба қисмҳо ҷудокардаи занон дар Душанбе

Давоми рӯзҳои 21 ва 29-уми июли соли равон аз соҳили дарёи Душанбе, воқеъ дар кӯчаҳои А.Қаҳҳоров ва Мушфиқии шаҳри Душанбе ҷасадҳои ду зани шахсияташон номаълум, бо аломатҳои марги маҷбурӣ, яъне баъди куштор бо қисмҳо ҷудогардида дарёфт карда шуданд. Бино ба маълумоти дафтари матбуоти ВКД Тоҷикистон, нисбати ин ҳодисаҳо аз ҳисоби кормандони ботаҷрибаи мақомоти корҳои дохилӣ […]

ASIA-Plus



Давоми рӯзҳои 21 ва 29-уми июли соли равон аз соҳили дарёи Душанбе, воқеъ дар кӯчаҳои А.Қаҳҳоров ва Мушфиқии шаҳри Душанбе ҷасадҳои ду зани шахсияташон номаълум, бо аломатҳои марги маҷбурӣ, яъне баъди куштор бо қисмҳо ҷудогардида дарёфт карда шуданд.

Бино ба маълумоти дафтари матбуоти ВКД Тоҷикистон, нисбати ин ҳодисаҳо аз ҳисоби кормандони ботаҷрибаи мақомоти корҳои дохилӣ ва Прокуратураи генералӣ гурӯҳи оперативӣ-тафтишотӣ таъсис дода шуда, ин ҷиноятҳои мудҳиш ба таври фаврӣ ошкор ва қотилон дастгир карда шуданд.

Гуфта мешавад, дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия ба гумони даст доштан дар ин ҷиноятҳо се нафар шаҳрвандон: марди 25-солаи сокини ноҳияи Восеъ, марди 23-солаи сокини ноҳияи Варзоб ва марди 26-солаи сокини шаҳри Душанбе боздошт шудаанд.

Ҳамчунин, муайян карда шудааст, ки санаи 21-уми июли соли 2016, номбурдаҳо бо зани 25-солаи сокини шаҳри Душанбе, дар назди бинои Сирки давлатии Тоҷикистон шинос шуда, аввалан барои муносибатҳои шаҳвонӣ ӯро ба манзили истиқоматиашон ба кӯчаи Н.Қарабоев бурда, баъди муноқиша барои маблағ бераҳмона ба ҳалокат расонидаанд. Сипас ҷасадро ба қисмҳо ҷудо намуда, дар ҷузвдон ва халтаи полиэтиленӣ гирифта, ба дарё мепартоянд.    

Ҳамин тариқ гумонбаршудагон, такроран даст ба ҷинояти махсусан вазнин зада, санаи 27-уми июли соли 2016, тахминан соатҳои 03:00-дақиқа, бо мақсади муносибатҳои шаҳвонӣ, зани 23-солаи сокини шаҳри Душанберо ба манзили истиқоматиашон, воқеъ дар кӯчаи Н.Қарабоев бурда, баъди муноқиша барои пул бо воситаи болишт буғӣ карда, ба ҳалокат расонидаанд.

Номбурдагон барои рӯйпӯш намудани ҷинояти содирнамуда ҷасади занро бо корди хоҷагӣ ба қисмҳо ҷудо карда, ба ҷузвдони сиёҳ ва селофани полиэтиленӣ ҷой намуда, ба дарёи Душанбе партофта, аз ҷойи ҳодиса ғайб мезананд.

Ҷинояткорон ҳама дастгир шуда, айни замон дар ҳабси пешакӣ қарор доранд ва нисбаташон бо дастрасии моддаи 104 Кодекси ҷиноятии ҶТ парвандаҳои ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад. 

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Раъду барқ дар кӯҳҳо. Чӣ гуна сайругашти маъмулии се хонанда аз шаҳри Турсунзода бо фоҷеа анҷомид?

"Азия-Плюс" ба хонаи қурбониёни ин фоҷеа рафт ва бо наздикони онҳо суҳбат кард.

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио