Дархости маблағи иловагӣ аз Эрон барои бозсозии нақби Истиқлол

Тоҷикистон аз Эрон дархост кардааст, ки барои бозсозӣ ва анҷоми сохтмони нақби Истиқлол воситаҳои иловагӣ ҷудо кунад. Вазири нақлиёти Тоҷикистон Шекралӣ Ганҷалзода зимни нишасти хабарии имрӯза дар ин робита изҳор намуд, ки барои бозсозӣ ва анҷоми пурраи корҳои сохтмонӣ дар ин иншоот, аз ҷумла насби таҷҳизоти рӯшноидиҳанда, ҳавософкун ва таъмини низоми зидди сӯхтор дар нақб […]

Пайрав Чоршанбиев



Тоҷикистон аз Эрон дархост кардааст, ки барои бозсозӣ ва анҷоми сохтмони нақби Истиқлол воситаҳои иловагӣ ҷудо кунад.

Вазири нақлиёти Тоҷикистон Шекралӣ Ганҷалзода зимни нишасти хабарии имрӯза дар ин робита изҳор намуд, ки барои бозсозӣ ва анҷоми пурраи корҳои сохтмонӣ дар ин иншоот, аз ҷумла насби таҷҳизоти рӯшноидиҳанда, ҳавософкун ва таъмини низоми зидди сӯхтор дар нақб воситаҳои иловагӣ заруранд.

«Мо ба ҷониби Эрон бо дархости ҷудо кардани воситаҳои иловагӣ барои анҷом додани ин корҳо муроҷиат кардем ва то ҷое, ки огаҳӣ дорем, айни замон ин масъаларо ҳукумати ин кишвар баррасӣ мекунад», – иброз дошт вазир.

Ба гуфтаи ӯ, ҳукумати Тоҷикистон низ ба ҷудо кардани қисмате аз воситаҳои зарурӣ омода буда, аз ҳисоби маблағҳои иловагии қаблан ҷудокардаи ҳукуматҳои Тоҷикистону Эрон дар ҳаҷми 6 млн. доллари ИМА (ҳар кадоме 3 млн.$) корҳои бетонрезӣ ва заҳбурканӣ ба иҷро расидаанд.

Вазири нақлиёти ҷумҳурӣ таъкид дошт, ки қисмате аз ин маблағҳо аллакай азхуд шуда, қисмати боқимонда ба бунёди низоми муваққатии равшанидиҳии нақб масраф мешавад.

Кобили зикр аст, ки 

рӯзи 7 июли соли 2015

  дар Теҳрон байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Исломии Эрон Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ оид ба идомаи бозсозии нақби Истиқлол дар Тоҷикистон ба имзо расид.

Соли 2003 Тоҷикистону Эрон дар бораи идомаи сохтмони нақби «Истиқлол» созишнома ба имзо расонида, ҳаҷми маблағгузорӣ 39 млн. доллари ИМА-ро ташкил дод. Аз ин миқдор 10 млн. $ маблағгузории бурсии ҳукумати Эрон, 7,8 млн. $ – ҳиссаи ҳукумати Тоҷикистон ва 21,2 млн. $ – қарзи ҷониби Эрон буд. Ҳарчанд маросими ба истифода додани он ҳанӯз соли 2006 доир гардида бошад ҳам, корҳои иловагии сохтмону бозсозии он то ҳанӯз идома дорад.

Моҳи апрели соли гузашта ширкати эронии «Собир» корҳои бозсозии нақби «Истиқлол»-ро дубора барқарор кард.

Қаблан ҳукуматҳои Тоҷикистону Эрон ба мувофиқа расида буданд, ки барои комилан ба анҷом расидани сохтмони нақб дар ҳаҷми 6 млн. $ иловатан маблағгузорӣ мекунанд. Ҷонибҳо уҳдадор шуда буданд, ки барои иҷрои корҳои боқимонда дар нақб ҳар кадоме 3 млн. $ маблағ ҷудо мекунанд.

Ҳамчунин мавриди зикр аст, ки аввали моҳи июни соли равон президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон зимни суҳбат бо вазири кишвари Эрон Абдурризо Раҳмонии Фазлӣ 

изҳор дошта буд,

 ки барои татбиқи амалии санадҳои имзошуда ҷаҳди бештар бояд кард.

Нақби «Истиқлол» дар 90 километрии шимоли Душанбе, дар роҳи мошингарди Душанбе – Хуҷанд воқеъ буда, аз зери ағбаи баландкӯҳи Анзоб мегузарад. Масофаи нақби «Истиқлол» 5,2 километрро ташкил медиҳад.

Моҳи октябри соли 2015 зимни суханронӣ дар ҷаласаи имрӯзаи палатаи поёнии парлумон вазири нақлиёти ҷумҳурӣ Шералӣ Ганҷалзода изҳор намуда буд, ки барои анҷоми пурраи корҳои таъмиру бозсозии нақби «Истиқлол» дар шоҳроҳи Душанбе – Хуҷанд

боз ҳудуди 10 млн. доллари ИМА маблағ

зарур аст.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Медалҳои тилло, нуқра ва биринҷии варзишгарони тоҷик дар рӯзи аввали қаҳрамонии ҷудои Осиё

Эмомалӣ Нуралӣ қаҳрамони Осиё шуд. Обид Ҷебов нишони нуқра ва Мадина Қурбонзода медали биринҷӣ ба даст оварданд.

30 евро аз ҳар тонна. Меъёри пардохти экологӣ барои воридоти сӯзишворӣ муайян шуд

Ин тарҳро чанде пеш вакилони парлумон низ тавсиб карда буданд.

Рӯзи пойтахти Тоҷикистон: дар куҷо ва чӣ гуна ҷашн гирифта мешавад?

Ба муносибати ҷашн шаҳрдории Душанбе барномаи васеи чорабиниҳо омода кардааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 69

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Дар Тоҷикистон 0,46 кг партови сахт ба як нафар дар як рӯз ҷамъоварӣ мешавад

Ин нишондиҳанда нисбат ба Ӯзбекистон ва Қазоқистон камтар аст.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 17 апрели соли 2026

Аз интихоби раиси Маҷлиси миллӣ то зодрӯзи Абдулаҳад Қаҳҳоров ва даргузашти Сталина Азаматова

#AP30/Коршинос. Рашид Ғанӣ Абдулло: “Азия-Плюс”муаррифи Тоҷикистон шуд

Сиёсатшинос ва таҳлилгари шинохтаи тоҷик ба табрики “Азия-Плюс” омад ва дар бораи мавқеи он дар арсаи расонаҳои кишвар ва минтақа андешаашро иброз дошт.

Дафтари САҲА дар Душанбе “Азия-Плюс”-ро ба 30-солагиаш табрик кард

Ин созмон саҳми расонаи моро дар рушди журналистика дар кишвар муҳим арёзбӣ кард.