Эмомалӣ Раҳмон дар маҷмааи Қаҳрамонҳои миллии Индонезия гулчанбар гузошт

Нимаи дуюми имрӯз президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ҷакарта дар Маҷмааи ёдгории оромгоҳи Қаҳрамонҳои миллии Индонезия “Калибата” гулчанбар гузошт. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, Эмомалӣ Раҳмон дар маросими гиромидошти шаҳидони роҳи озодӣ бо лаҳзаи хомӯшӣ хотираи Қаҳрамонҳои миллии Индонезияро, ки мадфанашон дар ин ҷо аст ёд карда, дар китоби хотироти меҳмонони олиқадр […]



Нимаи дуюми имрӯз президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ҷакарта дар Маҷмааи ёдгории оромгоҳи Қаҳрамонҳои миллии Индонезия “Калибата” гулчанбар гузошт.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, Эмомалӣ Раҳмон дар маросими гиромидошти шаҳидони роҳи озодӣ бо лаҳзаи хомӯшӣ хотираи Қаҳрамонҳои миллии Индонезияро, ки мадфанашон дар ин ҷо аст ёд карда, дар китоби хотироти меҳмонони олиқадр соядаст гузошт.

Гуфта мешавад, оромгоҳи Қаҳрамонҳои миллии Индонезия “Калибата” дар ҳудуди Маҷмааи ёдгориҳои Ҷакарта ҷойгир буда оромгоҳи ҳарбӣ маҳсуб мешавад ва ба хотираи қурбониёни муборизаҳои озодихоҳии Индонезия барои ба даст овардани истиқлолият аз Нидерландия дар солҳои 1945-1949 бунёд шудааст.

Зимнан зикр мегардад, ки дар оромгоҳ наздик ба 7 ҳазор нафар, аз ҷумла шахсиятҳои намоёни сиёсӣ, низомӣ ва ҷамъиятии Индонезия дафн карда шудаанд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.