Прокурори генералӣ ҷонибдори истифодаи ҳукми қатл барои баъзе ҷиноятҳо

Прокурори генералии Тоҷикистон Юсуф Раҳмон зимни нишасти хабарии имрӯза изҳор намуд, ки ҷонибдори истифодаи ҳукми қатл барои бархе аз ҷиноятҳои алоҳида аст. «Нисбати шахсоне, ки бо бераҳмии махсус одам мекушанд ва террористону хоинони Ватан, шаҳрвандоне, ки ба табаддулоти давлатӣ даст мезананд, ҳукми қатлро истифода кардан мумкин буд», – гуфт Ю.Раҳмон. Қобили зикр аст, ки аз […]

Аваз Юлдошев



Прокурори генералии Тоҷикистон Юсуф Раҳмон зимни нишасти хабарии имрӯза изҳор намуд, ки ҷонибдори истифодаи ҳукми қатл барои бархе аз ҷиноятҳои алоҳида аст.

«Нисбати шахсоне, ки бо бераҳмии махсус одам мекушанд ва террористону хоинони Ватан, шаҳрвандоне, ки ба табаддулоти давлатӣ даст мезананд, ҳукми қатлро истифода кардан мумкин буд», – гуфт Ю.Раҳмон.

Қобили зикр аст, ки аз соли 2004 дар Тоҷикистон ба ҳукми қатл моратория эълон шуд. Моҳи июни ҳамин сол вакилони Маҷлиси намояндагон лоиҳаи қонун «Дар бораи боздошти иҷрои ҳукми қатл»-ро якдилона маъқул шумориданд. Доир ба дар ҷумҳурӣ эълон шудани моратория ба ҳукми қатл президент Эмомалӣ Раҳмон зимни ироаи паём ба парлумон 30 апрели соли 2004 изҳори назар карда буд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.