Дар гузориши нави СММ оид ба ҳукумати электронӣ қайд мешавад, ки дар рейтинги ҷаҳонӣ оид ба сатҳи рушди ҳукумати электронӣ Тоҷикистон мақоми 139-умро ишғол мекунад.
Бино ба маълумоти Маркази иттилооти СММ, ҳукумати электронӣ воситаи пурсамари беҳтар кардани пешниҳоди хизматгузориҳои давлатӣ барои аҳолӣ ва ноил гардидан ба Ҳадафҳои рушди устувор дар давраи то соли 2030 мебошад, аммо алҳол на ҳамаи кишварҳо дастрасии кулли аҳолӣ ба технологияҳои нав ва инноватсияҳоро таъмин карда метавонанд.
Гуфта мешавад, пешсафони рейтинг дар ҷорӣ кардани ҳукумати электронӣ Британияи Кабир, Австралия ва Ҷумҳурии Корея буда, ИМА – зинаи 12, Қазоқистон – 33, Русия – 35, Озарбойҷон – 56, Гурҷистон – 61, Украина – 62, Арманистон – 87, Тоҷикистон – 139 ва Туркманистон – мақоми 140-умро касб кардаанд.
«Камбизоативу нобаробарӣ монеъаҳои асосии идоракуниии электронӣ мебошанд. Имрӯз ҳам бидуни дастрасӣ ба Интернет ё замимаҳои мобилӣ, миллионҳо нафар ҳоло ҳам ба гунаи мисол барои пардохти маблағи хизматрасонии коммуналӣ соатҳо навбатпоӣ мекунанд», – таъкид мешавад дар маълумоти СММ.







