Зинаи 139-уми Тоҷикистон дар рейтинги сатҳи рушди ҳукумати электронӣ

Дар гузориши нави СММ оид ба ҳукумати электронӣ қайд мешавад, ки дар рейтинги ҷаҳонӣ оид ба сатҳи рушди ҳукумати электронӣ Тоҷикистон мақоми 139-умро ишғол мекунад. Бино ба маълумоти Маркази иттилооти СММ, ҳукумати электронӣ воситаи пурсамари беҳтар кардани пешниҳоди хизматгузориҳои давлатӣ барои аҳолӣ ва ноил гардидан ба Ҳадафҳои рушди устувор дар давраи то соли 2030 мебошад, […]

Asia-Plus



Дар гузориши нави СММ оид ба ҳукумати электронӣ қайд мешавад, ки дар рейтинги ҷаҳонӣ оид ба сатҳи рушди ҳукумати электронӣ Тоҷикистон мақоми 139-умро ишғол мекунад.

Бино ба маълумоти Маркази иттилооти СММ, ҳукумати электронӣ воситаи пурсамари беҳтар кардани пешниҳоди хизматгузориҳои давлатӣ барои аҳолӣ ва ноил гардидан ба Ҳадафҳои рушди устувор дар давраи то соли 2030 мебошад, аммо алҳол на ҳамаи кишварҳо дастрасии кулли аҳолӣ ба технологияҳои нав ва инноватсияҳоро таъмин карда метавонанд.

Гуфта мешавад, пешсафони рейтинг дар ҷорӣ кардани ҳукумати электронӣ Британияи Кабир, Австралия ва Ҷумҳурии Корея буда, ИМА – зинаи 12, Қазоқистон – 33, Русия – 35, Озарбойҷон – 56, Гурҷистон – 61, Украина – 62, Арманистон – 87, Тоҷикистон – 139 ва Туркманистон – мақоми 140-умро касб кардаанд.

«Камбизоативу нобаробарӣ монеъаҳои асосии идоракуниии электронӣ мебошанд. Имрӯз ҳам бидуни дастрасӣ ба Интернет ё замимаҳои мобилӣ, миллионҳо нафар ҳоло ҳам ба гунаи мисол барои пардохти маблағи хизматрасонии коммуналӣ соатҳо навбатпоӣ мекунанд», – таъкид мешавад дар маълумоти СММ.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.