Суғд: Боздошти раиси суд ҳангоми порадиҳӣ

Раиси суди ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд ҳангоми порадиҳӣ ба корманди Агентии зиддифасоди вилоят бо далели шайъӣ боздошт шуд. Тавре аз Раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи ҶТ дар вилояти Суғд хабар доданд, раиси суди ноҳияи номбурда Хуршед Сангинзода аз як сокини Суғд А.А. барои сабук кардани ҳукм 2 ҳазор доллари ИМА […]

Мавлуда Рофиева



Раиси суди ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд ҳангоми порадиҳӣ ба корманди Агентии зиддифасоди вилоят бо далели шайъӣ боздошт шуд.

Тавре аз Раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи ҶТ дар вилояти Суғд хабар доданд, раиси суди ноҳияи номбурда Хуршед Сангинзода аз як сокини Суғд А.А. барои сабук кардани ҳукм 2 ҳазор доллари ИМА маблағ пурсида, баъди ин А.А. ба Раёсати Агентии зиддифасод муроҷиат мекунад.

«Барои «рӯйпӯш кардани ин кор» Сангинзода ба корманди Агентии зиддифасод 50 ҳазор доллари ИМА маблағ пешниҳод мекунад, ҳарчанд ин корманд ба ӯ мефаҳмонад, ки ин амал ғайриқонунӣ аст. Рӯзи 4 август судя ба корманд 50 ҳазор доллари ИМА пора доданӣ шуда, ҳангоми порадиҳӣ боздошт шуд», – гуфт манбаъ.

Зимнан зикр гардид, ки Прокуратураи генералии ҶТ нисбати Хуршед Сангинзода парвандаи ҷиноӣ боз намуда, бо қарори Суди олии ҷумҳурӣ айни замон ӯ ба ҳабс гирифта шудааст ва тафтишот дар ин самт идома дорад.

Сангинзода Хуршед моҳи майи соли 2015 бо фармони президенти мамлакат раиси суди ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таъин шуда, то ин таъинот ба ҳайси раиси суди ноҳияи Шаҳристони вилояти Суғд фаъолият дошт.

Бино ба маълумоти Раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи ҶТ дар вилояти Суғд, тӯли 6 моҳи соли равон дар қаламрави минтақаи шимоли кишвар 15 далели порадиҳӣ ва порагирӣ ба қайд гирифта шудааст.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.