Истихроҷи беш аз 600 ҳазор тонна ангишт аз оғози сол

Тӯли 6 моҳи соли равон дар Тоҷикистон беш аз 600 ҳазор тонна ангишт истихроҷ карда шуд, ки нисбат ба нишондиҳандаи ҳамин давраи соли гузашта тақрибан 210 ҳазор тонна зиёдтар аст. Бино ба маълумоти Вазорати саноат ва технологияхои нави ҶТ, айни замон дар ҷумҳурӣ дар як шабонарӯз то 8 ҳазор тонна ангишт истихроҷ карда мешавад. Захираҳои […]

Пайрав Чоршанбиев



Тӯли 6 моҳи соли равон дар Тоҷикистон беш аз 600 ҳазор тонна ангишт истихроҷ карда шуд, ки нисбат ба нишондиҳандаи ҳамин давраи соли гузашта тақрибан 210 ҳазор тонна зиёдтар аст.

Бино ба маълумоти Вазорати саноат ва технологияхои нави ҶТ, айни замон дар ҷумҳурӣ дар як шабонарӯз то 8 ҳазор тонна ангишт истихроҷ карда мешавад.

Захираҳои ангишт дар корхонаҳои истихроҷ ва нуқтаҳои фурӯши он бо назардошти бақияи солҳои гузашта 200 ҳазор тонна арзёбӣ мешаванд.

Ба истеҳсоли ин навъи сӯзишворӣ дар кишвар 19 корхона машғул мебошанд. Конҳои «Фон-Яғноб», «Зиддӣ», «Назар-Айлоқ» ва «Сайёд» аз манбаъҳои нисбатан бузурги истихроҷи ангишт маҳсуб меёбанд.

Айни замон беш аз 200 корхона дар ҷумҳурӣ ба сифати сӯзишворӣ аз ангишт истифода мекунанд.

Қобили зикр аст, ки тайи ду соли ахир дар Тоҷикистон ҳаҷми рекордии ангишт истихроҷ мешавад. Соли 2014 – 870 ҳазор тонна ва соли 2015 – беш аз 1 млн. тонна ангишт истеҳсол шуд. То ин дам дар ҷумҳурӣ то 520 ҳазор тонна ин навъи сӯзишворӣ истеҳсол мешуд. То замони соҳибистиқлолӣ ҳаҷми истихроҷ ҳамагӣ то ба 309 ҳазор тонна мерасид.

Шурӯъ аз 1 марти соли 2013 содироти ангишт аз Тоҷикистон манъ шуд. Баҳори соли 2012 қонун «Дар бораи ангишт» қабул шуд, ки ба ҷалби сармоягузории нав ба ин бахш нигаронида шудааст.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.