Корманди гумшудаи Палатаи ҳисоб мурда дарёфт шуд

Ҷасади сардори Раёсати кадрҳои Палатаи ҳисоби Тоҷикистон Кенҷабой Ҷӯраев, ки рӯзи 22 июл бедарак шуда буд, баъди чанд рӯз дар яке аз теппаҳои атрофи Хоҷа Обигарми ноҳияи Варзоб дарёфт шуд. Бино ба иттилои Радиои Озодӣ , ӯ дар рухсатии меҳнатӣ қарор дошта, рӯзи 22 июл бедарак мешавад. Дар ин рӯз чанд нафар афроди ношинос ба […]

ASIA-Plus



Ҷасади сардори Раёсати кадрҳои Палатаи ҳисоби Тоҷикистон Кенҷабой Ҷӯраев, ки рӯзи 22 июл бедарак шуда буд, баъди чанд рӯз дар яке аз теппаҳои атрофи Хоҷа Обигарми ноҳияи Варзоб дарёфт шуд.

Бино ба иттилои

Радиои Озодӣ

, ӯ дар рухсатии меҳнатӣ қарор дошта, рӯзи 22 июл бедарак мешавад. Дар ин рӯз чанд нафар афроди ношинос ба хонааш омада, ӯро ба кӯча даъват кардаанд. Баъди ин ӯ ба автомашина нишаста, ҳамроҳи онҳо меравад.

Ҷустуҷӯи чандинрӯзаи Ҷӯраев натиҷа надода, танҳо рӯзи 28 июл мақомоти корҳои дохилии ноҳияи Фирдавсӣ ба наздиконаш дар бораи дарёфт шудани ҷасад хабар медиҳанд. Ба гуфтаи наздикони Кенҷабой Ҷӯраев, вақте ҷасадро диданд, ранги пӯст аз гармии шадид дар як ҳафта сиёҳ шуда буд ва фақат аз либосаш тавонистанд, ки ӯро шиносоӣ намоянд. Ҷасади Кенҷабой Ҷӯраев рӯзи 28 июл дар зодгоҳаш деҳаи Куми ноҳияи Айнӣ ба хок супорида шудааст.

Кенҷабой Ҷӯраеви 40-сола тайи чанд соли охир дар мақоми сардори Шӯъбаи ҳуқуқи Палатаи ҳисоби Тоҷикистон кор мекард. Қаблан ӯ дар мақоми сардори Шӯъбаи кор бо ҳайати шахсии Раёсати Қӯшунҳои дохилии Вазорати корҳои дохилӣ ифои вазифа намудааст. Ӯ чанд муддат дар Оҷонсии мубориза бо коррупсия низ фаъолият доштааст.

То имрӯз натиҷаҳои ташхиси судиву тиббӣ оид ба марги К.Ҷӯраев дастрас нестанд. Як манбаъ аз Палатаи ҳисоб изҳор дошт, ки аз рӯи далели марги К.Ҷӯраев мақомоти корҳои дохилӣ парвандаи ҷиноӣ боз намудаанд, аммо ВКД Тоҷикистон то ҳол ба ҳеҷ гунае ин ҳодисаро шарҳ надодааст. 

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Раъду барқ дар кӯҳҳо. Чӣ гуна сайругашти маъмулии се хонанда аз шаҳри Турсунзода бо фоҷеа анҷомид?

"Азия-Плюс" ба хонаи қурбониёни ин фоҷеа рафт ва бо наздикони онҳо суҳбат кард.

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио