Озмуни аксҳои «Азия-Плюс» – «Тоҷикистони ман»

Иштирок бикун ва дастгоҳи аксбардорӣ (фотоаппарат) ё смартфони модели охиринро бурд намо! Гурӯҳи расонахои «Азия-Плюс» ба ифтихори 25-умин солгарди Истиқлолияти давлатии ҷумҳурӣ ва 20-солагии таъсисиёбии худ таҳти унвони «Тоҷикистони ман» озмуни аксҳо баргузор мекунад. Ба иштирок дар озмуни мазкур ҳамаи хоҳишмандон – ҳам аксбардорони ҳирфаиву ҳам навкорону навоомӯзон даъват карда мешаванд. Озмуни аксҳо аз 9 […]

Asia-Plus



Иштирок бикун ва дастгоҳи аксбардорӣ (фотоаппарат) ё смартфони модели охиринро бурд намо!

Гурӯҳи расонахои «Азия-Плюс» ба ифтихори 25-умин солгарди Истиқлолияти давлатии ҷумҳурӣ ва 20-солагии таъсисиёбии худ таҳти унвони «Тоҷикистони ман» озмуни аксҳо баргузор мекунад. Ба иштирок дар озмуни мазкур ҳамаи хоҳишмандон – ҳам аксбардорони ҳирфаиву ҳам навкорону навоомӯзон даъват карда мешаванд.

Озмуни аксҳо аз 9 август то 9 сентябр дар сомона ва саҳифаи расмии «Азия-Плюс» дар Facebook гузаронида мешавад. Ба ҷонибдории акси писандомада ҳама гуна шахсон бо пахши аломати «Нравится» (Like) дар саҳифаи мо дар ФБ овоз дода метавонанд. Ҳар ҳафта аз овоздиҳӣ, ки 9 сентябр ба итмом мерасад, натиҷагирӣ мешавад.

Озмун аз рӯи 4 номинатсия – «Одамон. Рӯйдодҳо. Ҳаёти рӯзмарра»; «Табиат»; «Меъморӣ» ва «Сабк» (Стиль) доир мегардад. Ғолиб аз рӯи «лайк» (овозҳо)-и бадастовардааш муайян карда мешавад. Ғайр аз ин, ҳайати ҳакамони махсуси «Азия-Плюс» аз байни иштирокчиёни 4 номинатсия ғолиби ҷоизаи асосӣ – Гран-приро низ эълон хоҳад кард.

Доир ба шартҳову муқаррарот ва дигар ҷузъиёти баргузории озмун


аз суроғаи зерин


маълумоти бештар муфассал дарёфт карда метавонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.